Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асос барои сохтмони бинои замонавӣ

IMG 8767

Дар ҳудуди бинои маъмурии Факултети №4 Академияи ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бинои нав бо тарҳи замонавӣ қомат хоҳад афрохт.

3 сентябри соли 2022 дар макони сохташавандаи иншоот маросими гузоштани санги асос бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва ҳайати омӯзгорону курсантони муассисаи олии таълимӣ баргузор гашт.
Фармоишгари лоиҳа Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, бинои маъмурии сохташаванда аз таҳхона ва шаш ошёна иборат ва дар он тамоми инфрасохтори зарӯрӣ дар назар дошта шудааст.
Бинои мазкур дар партави корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

IMG 8788

IMG 8739

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...