Таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Академияи ВКД
1-уми сентябри соли 2022 дар Академияи ВКД, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати шахсӣ, курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД вохурӣ доир намуд.
Вазири корҳои дохилӣ сараввал устодону курсантон ва шунавандагонро бо Рӯзи дониш муборакбод гуфта, ба онҳо фатҳи қуллаҳои баланди илму донишро таманно намуд.
Вазири корҳои дохилӣ аз иштирок ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, қайд кард, ки ҳамасола бо дарси сулҳ оғоз намудани соли нави хониш дар кишвари мо ба яке аз анъанаҳои нек табдил ёфтааст.
Мавсуф дар такя ба суханронии Пешвои миллат, ки рӯзи 1-уми сентябр сурат гирифт, зикр намуд, ки давлатро кадрҳои донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту ватанпарвар обод мекунанд. Ватан ва давлатро ҳаргиз бо ҷаҳлу бесаводӣ пеш бурдану соҳибӣ кардан имкон надорад. Зеро ҷаҳолату бесаводӣ фақат бадбахтиву нокомӣ меоварад.
Ҳадаф аз фароҳам сохтани шароити беҳтарин барои таълиму тарбияи ҷавонон, аз он иборат аст, ки бо истифода аз чунин имкониятҳои мусоид хуб хонед, илму дониш омӯзед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоед ва дар оянда ба халқу Ватан ҳамчун кадрҳои ҷавон содиқона хизмат кунед.
Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил ба давроне рост омадааст, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар фазои ороми сиёсӣ, 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ботантана истиқбол менамоянд.
Боиси ифтихор ва сарбаландии сокинони кишвар мебошад, ки Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ оғоз мегардад.