Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш дар Факултети №4 Академияи ВКД
Соли нави хонишро ҳайати устодон ва курсантони Факултети 4-уми Академияи ВКД дар вазъияти тантанавӣ, ки нишонаи омодагӣ ба таҳсил аст, таҷлил намуданд. Ҷамъомади тантанавӣ бо сафороии низомӣ ва сароидани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Маросими тантанавии «Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ» бо иштироки сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ҷараён гирифт.
Нахуст сардори факултет, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ полковники милитсия Ғафуров Меҳриддин Садриддинович аз ҳолати омодагии муассисаи таълимӣ ба соли нави хониш гузориш дод.
Хониши аъло, интизоми намунавӣ, фатҳи қуллаҳои дониш ва ҳамчун мутахассиси барҷастаи соҳаи ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба камол расидан дар маърузаи табрикотии сардори Раёсат генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов садо дод.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро самти афзалиятноки ҷомеаи пешрафта ҳисобида, барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, ҷавонони соҳибмалака ва ихтироъкор тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.
Таъсис ва фаъолияти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба замони истиқлол марбут буда, Академия ҳамчун даргоҳи илму маърифат миёни муассисаҳои олии кишвар дар омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат, таъмини ҷомеа бо кадрҳои арзандаи соҳаи ҳуқуқшиносӣ нақши сазовор дорад.
Ҳамасола садҳо хатмкунандаи Академияи ВКД ба сафи кормандони амалии мақомоти милитсия пайваста баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ошкору пешгирии зуҳуроти номатлуби халалдорсозандаи амнияту тартибот ҳисса мегузоранд.
Таҳсил дар Академия имкониятҳои васеъро ба шунавандагон фароҳам меорад, то ин ки дар касби интихоб намуда муваффақ шаванд.
Даъвати роҳбари мақомоти милитсияи Суғд аз курсантон он буд, ки вақтро беҳуда нагузаронида дар пайи омӯзиш бошанд, то ин ки дар оянда ҳамчун мутахассис ба камол расида номбардори Ватан ва нафъашон ба ҷомеа расад.
Гузашти низомӣ хотимабахшӣ чорабинӣ гардид.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия