Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсанти Академияи ВКД дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи дуюм гардид

изображение viber 2022-08-31 09-08-22-738Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат ва муайян намудани беҳтарин варзишгарон санаи 20-уми августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи гӯштини тарзи дзюдо оид ба дарёфти “Ҷоми Расул Боқиев” баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ курсанти курси 5-уми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Мирзоев Аюб Абдуқодирович иштирок намуда, аз худ малакаю маҳорати баланд нишон дода, соҳиби ҷойи дуюм гардид.
Мавриди қайд аст, ки Мирзоев А.А. пайваста ба машқу тамрин машғул гашта, дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб мегардад.
Лозим ба ёдоварист, бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар заминаи Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД шароити машғул гардидан ба гӯштини дзюдо боз ҳам беҳтар гардида, дар ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

изображение viber 2022-08-31 09-08-20-206

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...