Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар-машварат ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон

изображение viber 2022-08-29 11-21-27-255

Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбӣ, такмил додани касбияти кормандон дар самти оперативӣ ва ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор додани санадҳои ҳуқуқие, ки самти фаъолияти кор бо ноболиғон ва ҷавононро ба танзим медарорад, ҳафтаи сипаришуда дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, сардори РОПҲНҶ ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, кормандони РОПҲНҶ ВКД ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳо семинар-машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтененти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо чорабиниро ифтитоҳ намуда, ба иштирокчиёни семинар барору комёбӣ таманно намуд.
Сипас, сардори Раёсати пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб мақсад ва вазифаҳои семинар-машварати кормандони самти кор бо ноболиғон ва ҷавононро муаррифӣ намуда, бандҳои алоҳидаи Низомномаи РОПҲНҶ ВКД-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

изображение viber 2022-08-29 11-22-00-447

Дар идома, намояндагони фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ва коршиносон вобаста ба стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак, оид ба адолати судӣ нисбати кӯдак, инчунин, оид ба низоми мониторинг ва «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон кормандони РОПҲНҶ ВКД ва Академияи ВКД доир ба Дастурамал оид ба фаъолияти кор бо ноболиғон ва ҷавонон дар МКД, масоили каҷрафторӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон ва роҳхои пешгирии он суханронӣ карданд.
Дар интиҳо зикр гардид, ки чунин семинар-машваратҳо ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати кормандон дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ нақши созгор хоҳад гузошт.

изображение viber 2022-08-29 11-22-13-276

Абдулло Шоҳиён
Дилшод Холов

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...