ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ-САҲРОИИ КУРСАНТОНИ АКАДЕМИЯИ ВКД (СОЛИ ҚАБУЛИ 2022)
Навшомилшудагон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 аллакай дар минтақаи Қамбар, қисми ҳарбии №6592-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ-саҳроиро ҳанӯз аз 15 августи соли равон оғоз намуда то охири моҳи сентябр дар ин шароити хоса ба ин маслак ин маъракаи муҳимро пушти сар карда истодаанд.
Албатта, ин давраи басо муҳим, ҳассос барои ин ҷавонон мебошад. Зеро, маҳз дар ҳамин рӯзҳо дарси мардонагиро сипарӣ намуда бо бисёре аз урфу одат ва расму русуми тифлию наврасию ҷавониашон хайрухӯш намуда, бо татбиқ намудани нақшаи таълимии ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ комилан шахсони дигар шуда ба таълимгоҳашон бармегарданд.
Раванди гузаштани ҷамъомади мазкур аз оғоз то анҷом зери таваҷҷуҳи Роҳбарияти ВКД ва алалхусус муҳтарам Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор дорад.
Роҳбарияти Академияи ВКД, зери сарварии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ шабу рӯз ин ҷамъомадро таҳти назорати ҷиддӣ қарор додаанд.
Афсарону омӯзгорони пуртаҷрибаи Академия дар зери роҳбарии сардори факултети №5-и Академия, майори милитсия Нуруллозода Меҳрулло, сардори Шуъбаи таълими Академия, полковники милитсия Саидзода Саидшо Саид шогирдонашонро тибқи реҷаи махсуси тасдиқкардашуда аз таълим ва тадрис гузаронида истодаанд. Курсантони 4 ихтисосҳои Академия: ҳуқуқшиносӣ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ ва бехатарии сӯхтор ин дарси мардонагиро убур карда истодаанд.
Бояд қайд кард, ки дар ин чорабинии муҳим таҳдоби ояндаи маслаки интихобкардаи ин ҷавононро гузошта, риштаҳои дӯстию рафоқат, ҳисси эҳтиром, принсипҳои инсондӯстиро мепайвандад ва табиист, ки онҳо ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро низ намояндагӣ менамоянд.
Тибқи реҷа ҳама анвои чорабиниҳо: таълимӣ, варзишӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, истироҳатӣ амалӣ карда шуда истодааст. Мувофиқи нақшаи алоҳида, ҳар ҳафта рӯзҳои Ҷумъа, намояндагони Дастгоҳи марказии ВКД дар доираи муқаддимаи ихтисос бо курсантон машғулиятҳои хешро мегузаронанд.
Роҳбарияти ШВКД-ҳои Турсунзода, Шаҳри Нав, Ҳисор ва РВКД даршаҳри Душанбе бошанд ба ин ҷавонон пайваста таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар татбиқи барномаҳои таълимиашон кӯмаки худро дареғ намедоранд.
Роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз оғоз «Китобхонаи Сайёр»-ро, ки аз 500 адад китобҳои гуногунмазмун иборат аст ба он ҷо таҳвил дода, курсантон ҳамарӯза аз ин махзани Дониш самаранок, дар вақтҳои истироҳатиашон истифода мебаранд. Ҳатто, дар ҳамин рӯзҳо курсанти курси якум Абдуҷабборзода Худойдод Абдуҷаббор ба сарбории хеш нигоҳ накарда дар озмӯни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал гашт. Аҳсан!
Ҳамзамон, ба хотири ошуфтаҳолии курсантон дастаҳои ҳунарӣ тез-тез меҳмони онҳо мегарданд.