Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раванди ҷамъомади таълимӣ-саҳроии курсантони Академия

изображение viber 2022-08-24 16-07-37-103Яке аз самтҳои муҳими Академияи ВКД ин омода намудани курсантони курси якум ба талаботҳои оинномавӣ ва раванди таълиму тарбия маҳсуб меёбад. Дар ин асос дар қисми низомии 6592-и Қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ - саҳроии курсантони факултетҳои №2, №4, №5, №6 гузашта истодааст. Ба ҷамъомади таълими-саҳроӣ майори милитсия Нуруллозода М. ва полковники милитсия Маҳмадзода С. роҳбарӣ менамоянд.
Айни ҳол ҷамъомад дар асоси нақшаи таълимии тасдиқнамудаи сардори Академияи ВКД идома ёфта, ба курсантон талаботҳои оинномавӣ ва асосҳои фаъолияти милитсия омȳзонида мешавад. Ҷамъомади таълимӣ- саҳроӣ дар дараҷаи зарурӣ ба роҳ монда шуда, аз рȳзҳои аввал курсантон малака ва лаёқати хуб нишон дода истодаанд. Баъд аз анҷоми ҷамъомади таълими - саҳроӣ курсантони курси якум дар вазъияти тантанавӣ Савганди корманди милитсияро қабул менамоянд.
Асламов Б.С.,Сафарзода С.Н.,Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...