Ҷамъомади таълимӣ- саҳрои курсантон
Баҳри иҷрои фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ бо ҳайати тағирёбандаи курси якуми Академияи ВКД, санаи 18-уми августи соли равон муовини сардори Академияи ВКД ҶТ оиди кор бо ҳайъати шахсӣ, полковники милитсия Шарифзода М.С. вохури доир намуда, аз рафти машқҳои назариявӣ-амали шиносои пайдо намуд. Дар рафти вохури муовини сардори Академияи ВКД ҶТ оиди кор бо ҳайъати шахсӣ, полковники милитсия Шарифзода М.С. дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷомеа ва давлат аз хатарҳои муосири экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои хусусияти трансмиллидошта бо таври содаву равон иброз дошт.
Ҳамчунин қайд намуд, ки дар ин лаҳзаҳои мураккаби ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳон танҳо матонату мардонагӣ, ватандӯстиву адолатпарварӣ, эҳтирому эътимод ба фарҳанги миллӣ, таъриху адаби пурифтихори миллати тоҷик моро аз ин хатарҳо эмин медоранд.
Дар фарҷоми суханронӣ ба курсантони курси якум дар самти таъмини риояи интизоми хизматӣ, бо баҳои хубу аъло хондан, ба забономӯзӣ диққати махсус зоҳир кардан ва бо таври мунтазам ба варзиш машғул шуданд, дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.