Омодагии курсантони Академияи ВКД ба даври шаҳрии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза ба масъалаи нигаҳдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамояд. «Китобхонаҳо бояд ба маркази илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад» - омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26-уми декабри соли 2019.
Миллати соҳибтамаддуни тоҷикро дар арсаи олам бо китобҳояш, бо фарҳанги воло ва фарзонафарзандонаш мешинохтанд, вале итминони комил дорем, ки таваҷҷӯҳи хосаи давлату Ҳукумат ба ин ганҷинаи нодиру тарбиятбахш, баргузории озмуни тақдирсоз - «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», пайравони абармардони сухану ҳунар бамаротиб меафзояд. Ҳамин тариқ, 5 нафар курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: Маҳмадуллозода Довудхуҷа, Абдуллозода Салоҳиддин, Назаров Хайрандеш, Саидов Толиб, Солеҳзода Ҳоҷиакбар, ки дар ду даври Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғӣ субҳи доноӣ китоб аст», сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, кохи илму маърифат - Китобхонаи миллии Тоҷикистонро, ки маконест, таъриху ҳувият, фарҳангу тамаддун ва дар маҷмуъ миллату халқеро дар оинаи қарнҳо мебинем, макон ихтиёр кардаанд, то дар даврҳои минбаъдаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дастболо шаванд.
Азиза Давлатшозода, полковники милитсия