Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии хатмкунандагони аввалини Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

image-02-08-22-08-26-1Дар рӯзҳои мушкили соли 1992 баъди як соли ташкилшавиаш ба Мактаби Олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 160 нафар довталабон бо фармони сардори Мактаби Олӣ, генерал-майори милитсия (баъдҳо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия), Қаҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович ба сафи курсантони курси якум дохил шуданд.
Солҳои таҳсили курсантони хатми аввал, солҳои 1992-1996-ро дар бар мегирад. Барои хонанда ва хусусан насли калонсол хеле возеҳ аст, ки ин солҳо дар таърихи кишвару халқи мо чи солҳое буданд. Солҳои идома ёфтани ҷангу ҷидол, солҳои қаҳтӣ, гуруснагӣ, нооромӣ, тарки Ватан кардани мардум, мутахассисон, талафоти ҷонию моддию маънавӣ, фарҳангӣ, солҳои ҷабру ситам, дуздию ҳаннотӣ, ғоратгарӣ, истифодаи зӯрӣ, тарсу воҳима, нарасидани нону маводи ғизоӣ, маводи сӯхт, набудани воситаҳои нақлиёт, авҷи ҷинояту ҷинояткорӣ ва амсоли он маҳсуб мешуданд.
Ана маҳз дар чунин рӯзҳои мушкили ватанамон шогирдони мо дар ин даргоҳи таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда тамоми нозукиҳои касби оянда интихобкардаашонро бе мамониат аз худ кардаанд.
Роҳбарияти он вақтаи Мактаби Олӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ тамоми чораҳои заруриро меандешиданд, ки шогирдонашон ин камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро дар фаъолиятҳои таълимию тарбиявӣ, истироҳатию фароғатӣ ва ғайра ҳис накунанд.
Дар баробари он муассисаи навташкили ВКД-и Тоҷикистони тозаистиқлол пайваста мушкилоту монеаҳои ҷойдоштаро аз миён бурда кӯшиш мекарданд, ки сатҳу сифати таълиму тарбия барои шогирдон ҳарчи бештару хубтар гардонида шавад. Аз ин лиҳоз, мунтазам барои кору фаъолият ба Мактаби Олӣ мутахассисони соҳа даъват карда мешуданд. Қисме, муддате фаъолият карда, бинобар набудани шароитҳо дар ҷумҳурӣ тарки маслак мекарданд, ё худ ба дигар ҷузъу томҳо барои хизмат мерафтанд.
Банда низ маҳз дар ҳамин рӯзҳо аз Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор даъват карда шудам ва то ба ин рӯз дар ин таълимгоҳи тахассусии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои хизмат дорам. Ва ба шогирдони хатми аввал лексияҳо хонда ва машғулиятҳои амалиро ба анҷом мерасонидам.
Чи тавре, ки баён кардем, аз сабаби шароитҳои номусоиди ҷумҳурӣ дар ин солҳо аз миқдори умумии 160 нафар, танҳо 84 нафарашон соли 1996 ин муассисаи таълимиро сарбаландона ба охир расонидаанд.
Хатми аввал барои кулли шогирдону омӯзгорон фаромӯшнашаванда буд. Зеро, дар ин чорабинии муҳим, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита иштирок карда, суханронӣ намуд ва ба хатмкунандагон роҳи сафед таманно кард, ҳар якеро падарвор барои хизмат ба халқу ватан раҳсипор намуд.
Инак аз он рӯз то ба имрӯз расо 26 сол сипарӣ гашт. Хатмкунандагони аввалини Академия бояд соли 2021 баъди 25 сол вохӯрии хешро дар Академия мегузарониданд. Аммо бо сабаби бемории КОВИД-19 чорабинии мазкур гузаронида нашуд ва танҳо имсол, ин чорабинӣ гузаронида шуд.
Аз 84 нафар хатмкунандагон то ба имрӯз бо сабабҳои гуногун 11 нафарашон вафот кардаанд. (Рӯҳашон шод бод!). Аз боқимонда 73 нафар 41 нафар хатмкунандагон ба ин чорабинӣ ҳозир шуданд. Роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкунандагонро истиқболи гарм ва фаромӯшнашаванда кард. Мулоқоту вохӯрӣ ва суҳбатҳои самимона, баромадҳои ҳар яке аз минбар хеле ҷолиб, мароқовар ва мутаассиркунанда буданд.
Шогирдон барои устодонашон нишонҳои сарисинагӣ ва дипломҳо омода карда барои заҳматашон қадрдонӣ намуданд. Баъзе хамкунандагон бо тақозои тақдир имрӯзҳо дар ҳудуди Федератсияи Россия, Украина, Ӯзбекистон, Исроил ва ғайра ифои вазифа доранд ва онҳо низ ба ин чорабинӣ ташриф оварда мулоқотҳоро хотирмон намуданд.
Шогирдон-хатмкунандагон, ҳама дар маҷмӯъ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати омӯзгорон изҳори сипоси бепоёни худро ба хотири муҳайё сохтани чунин шароитҳои замони муосир баён намуда, ба коллективи омӯзгорон-устодони Академияи ВКД муваффақиятҳо таманно карданд.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...