ДАРСҲОИ ДАСТУРӢ БАРОИ ОМОДАГИИ ДОВТАЛАБОНИ АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Вазирири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. аз санаи 4 июли соли 2022 барои омодагии довталабони факултетҳои №2, №4 ва №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои дастурӣ ташкил гардиданд.
Дарсҳои дастурӣ аз фанҳое, ки довталабон имтиҳони дохилшавӣ месупоранд аз ҷумла «Таърихи халқи тоҷик», «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» ва «Забон ва адабиёти тоҷик» ташкил гардида то санаи 8 июли соли 2022 идома ёфта, баъди анҷоми дарсҳо довталабон имтиҳонҳои дохилшавӣ месупоранд.
Дарсҳои мазкур аз ҷониби омӯзгорони соҳибкасб баргузор гардида, саволу ҷавобҳои мушаххас низ атрофи масъалаҳои бавуҷудомада сурат мегиранд, ки барои омодагии довталабон ҷиҳати супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ мусоидат хоҳад кард.
Муовини сардори факултети №2
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
н.и.ҳ., подполковники милитсия Каримзода У.К.