Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи байналмилалӣ

IMG 20220629 090226 1Имрӯз, 29 июни с. 2022 бахшида ба 65-солагии Донишкадаи ҳуқуқштносии ВКД Россия дар ш. Барнаул конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар шакли онлайн таҳти унвони «Государство и право в эпоху глобальных перемен» баргузор гардид, ки дар он сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. иштирок намуд.
Дар сухани ифтитоҳии худ Ф.Р. Шарифзода сардори донишкадаи мазкур, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники политсия Проказин Дмитрий Леонидовичро ва дар шахсияти ӯ ҳайати шахсии донишкада, вевтеранҳоро, курсанту шунавадаҳоро бо 65-солгарди ин муассисаи таълимии бонуфузи системаи ВКД Россия табрик намуда, қайд кард, ки дар соли 2018 байни муассисаҳои таълимии мо Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти таълимӣ ва илмӣ ба имзо расид. Аз он вақт то инҷониб ҳамкориҳо байни муассисаҳои таълимиамон ба сатҳи баланд баромаданд. Дар ин муддат ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар бисёр чорабиниҳои илмие, ки мактабҳои олӣ мегузаронанд, фаъолона иштирок намуданд. Ҳамин тариқ, дар соли 2020 бори аввал дар таърихи Академияи ВКД Тоҷикистон ҳимояи рисолаҳои дипломии хатмкунандагони Донишкадаи Барнаули ВКД – намояндагони Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорони Академияи ВКД, тавонист ба амал ояд, ки ин аз эътимод ва эътирофи иқдомоти муштараки мо ҷиҳати муттаҳид ва ҳамоҳангсозии системаҳои маорифи миллӣ шаҳодат медиҳад.
Чанде пеш, аниқтараш дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар доираи Рӯзҳои илми ҷавонон дар Донишкадаи Барнаули ВКД Россия озмуни байналмилалии тадқиқотҳои илмии беҳтарин байни курсантон, донишҷӯён ва шунавандагони мактабҳои олии Россия ва дигар давлатҳои хориҷӣ дар мавзӯи “Ҳамкории ҳуқуқӣ-байналмилалӣ дар муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои нав” баргузор гардид, ки дар он курсантони мо низ иштирок намуда, дар фарҷоми чорабинӣ ҷойҳои сазоворро ишғол намуданд. Мо аз ҳамкорӣ бо шумо ифтихор дорем ва умедворем, ки ин ҳамкорӣ минбаъд низ пурсамар ва муассир хоҳад буд.
Баъдан Ф.Р. Шарифзода ҳайати омӯзгорон, курсантону донишҷӯён, собиқадорони донишкадаро аз самими қалб саломатии бардавом, комёбиҳои минбаъдаи эҷодӣ, бозёфтҳо ва дастовардҳои нав, муваффақиятҳои таълимӣ, дар роҳи расидан ба ҳадаф, матонату дӯстони ҳақӣқӣ ва нерӯи бепоён таманно намуд.
Дар кори конференсия инчунин, намояндагони Сарраёсати ВКД Россия оид ба кор ба ҳайати шахсӣ, дигар муассисаҳои Россия ва давлатҳои хориҷӣ, аз қабили Тсзян Ихуай – сардори академияи политсияи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ш. Синтсзян, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, намояндагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар ш. Караганда, Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

IMG 20220629 090135 1

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...