Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиби Озмун!
Имрӯзҳо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қишри ҷомеа, бахусус ҷавононро ба сайри таърихи гузаштагон бурд, ки чӣ гуна Синои бузург ба ивази ганҷина иҷозати истифодаи китобхонаро аз шоҳ хост ва ганҷе, ки Сино аз он маъхази илму дониш бардошт. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ҳамакнун ҳамасола роҳандозӣ мегардад, тавонист меҳри китобу китобхониро дар вуҷуди ҷомеа дучанд гардонад, мардум рӯ ба китобу китобхонӣ ниҳоданд.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни ноҳиявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», бо ба даст овардани се ҷойи якум аз номинатсияҳои адабиёти классик, муосир ва бачагона, як ҷойи сеюм ва як нафар ҷойи ифтихорӣ сазовори ҷойи аввал гардида, ҷиҳати гузоштани саҳми арзанда дар татбиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юми феврали соли 2022 таҳти №АП-156 дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо «Сипоснома» сарфароз гардид. Курсантони ғолиб барои иштирок дар даври сеюми (шаҳрӣ) озмуни номбурда омодагӣ дида истодаанд, ба онҳо ғолибияти навбатиро таманно дорем.
Давлатшозода Азиза
полковники милитсия