Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии ҷашнӣ бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

DSC 0414

Санаи 23-юми июни соли 2022 дар Академияи ВКД бо ибтикори роҳбарият, кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва шуъбаи кадрҳо бо иштироки ҳайати шахсӣ ва меҳмонон чорабинии ҷашнӣ бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Чорабинии ҷашниро муовини аввали сардори Академия н.и.х.,Насуриён П.А. бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москва имзо гардида буд, имсол 25-сол пур мешавад. Ташаббускори асосии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он 8-давраи музокироти расмӣ ва чандин нишастҳои дигари ғайрирасмиро дар бар мегирифт ва ниҳоят бо ибтикори Пешвои миллат ин Созишномаи такдирсоз дар он айёми душвор ба имзо расид, ки дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи навро барои давлатсозии миллӣ кушод, ки ҳамаи мо акнун маҳз бо шарофати он дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ менамоем. Дар фарҷоми сухан ҳозиринро бо ин Иди мукаддаси миллӣ табрику тахният намуда, ба кору пайкори онҳо бурдбориҳо орзу намуданд.

DSC 0430

Вобаста бо иди Ваҳдати миллӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз тарафи рохбарият бо ифтихорномахо сарфароз гардонида шуданд.Ба сардори кафедраи забонхои Академия н.и.п.,полковники милитсия Азиза Давлатшозода аз номи Вазири корхои дохилӣ бо туҳфаи молиявӣ ва нафақахурони Академия бо медали ҷашнии «25-солагии Академияи ВКД» кадрдонӣ шуданд.
Сипас муовини аввали директори Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Раҳмонзода А. бо маърӯзаи пурмуҳтаво дар бораи раванди душвори ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва накши Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуд. Сардори кафедраи фанҳои чамъиятӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, пополковники милитсия Муҳаммад С.А. дар мавзӯи «Арзишҳои ваҳдати миллӣ», курсанти курси 4-уми факултети №6 Мираҳмедов Т. дар мавзӯи «Ваҳдат-бақои миллат» ва дигарон маърӯзаҳои пурмазмун намуданд, ки аз ҷониби ширкаткунандагони чорабинии ҷашнӣ бо мароқи том шунида шуданд.
Дар қисмати фарҳангӣ аз ҷониби дастаи корманд-ҳаваскорони Академия ба иштирокчиёни чорабинии ҷашнӣ ва меҳмонон бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ консерти идона пешкаш гардид, ки мазмуни он саршори таронаҳои ватандӯстона буд.

OSH 3845

Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...