Ташрифи гурӯҳи кории кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон ба Академияи ВКД
Муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон генерал-майор Сайид Маҷид Мираҳмадӣ, ки дар ҳайати гурӯҳи корӣ барои амалисозии созишномаҳои миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон ба имзо расида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, баъд аз мулоқот бо Вазири корҳои дохилӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон санаи 21.06.2022сол ба Академияи ВКД ташриф оварданд. Меҳмонони олиқадро роҳбарияти Академия ба таври тантанавӣ бо қаровули фахрӣ ва мизбонии тоҷикона истиқбол намуданд.
Дар ҷараёни ташрифи ҳайати гурӯҳи корӣ зикр гардид, ки сол аз сол ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта, ин ҳамкориҳои мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷинояткорӣ натиҷабахш бошанд.
Ҳамзамон дар рафти ташриф ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои якҷояро дар омодсозии кадрҳо, мубодилаи тадқиқоти илмӣ ва таълиму тарбия баррасӣ намуданд.
Дар рафти ташриф меҳмонон аз дидани бинои зебо ва шароитҳои таҳсили Академияи ВКД изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳои заруриро барои муҳассилини ин даргоҳи бонуфуз муҳайё намудаанд, ки боиси таҳсин ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам аст.
Асламов Б.,Убайдуллоев Ш.