Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории семинари илмӣ-назариявӣ, бахшида ба 25 - умин солгарди Ваҳдатимиллӣ дар Академияи ВКД

PHOTO-2022-06-18-10-55-221

Санаи 17 – уми июни соли 2022 дар Академияи ВКД, бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – рамзи пешрафт ва ягонагии ҷомеа», бахшида ба таҷлили 25-солагии Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Семинари илмии мазкурро бо сухани муқаддимавӣ роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳ намуда, бо ин ҷашни тақдирсози миллӣ ҳозиринро табрик намуданд. Дар кори семинари илмӣ-назариявӣ устодони ботаҷриба ва курсантони аъзои ҷамъияти илмии назди кафедра, фаъолона ширкат намуда, дар мавзуъҳои мухталифи илмӣ маърӯзаҳо намуданд. Аз ҷумла Муҳаммад С.А.- сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.с., дотсент, дар мавзӯи «Арзишҳои Ваҳдати миллӣ», Бойзода Ҷ.Ҷ. – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, дар мавзӯи «Милитсияи Тоҷикистон – таъминкунандаи Ҳукумати Конститутсионӣ», Самиъзода Б.С. – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Тобиши мафҳуми Ваҳдат дар луғот ва вожаномаҳо», Ташрифзода Ф.Қ. – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия, дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-омили муҳими тарбияи ҷавонон», Султонзода В.И. – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-сарҷамъии миллат», Мирахмедов Т. – курсанти курси 4-уми факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ваҳдат – бақои миллат», Ниёзов О.Ш. – курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Роғун – Ваҳдати амалии тоҷикон», Холиқов Б. – курсанти курси 3-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Милитсия такягоҳи боэътимоди Истиқлолият», Ҳусейнов М.С. – курсанти курси 1-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Омилҳои иқтисодии таҳкими Ваҳдати миллӣ», Ҳакимзода М.А. – курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – пояи сулҳ аст», Бердиёров Б. – курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ваҳдат – номаи тақдири миллат», маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

PHOTO-2022-06-18-10-55-22

Ҳамзамон боиси тазаккур аст, ки дар кори семинари мазкур омӯзгорони ботаҷриба, ки шоҳиди воқеии раванди расидан ба сулҳ мебошанд, аз ҷумлаи сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Самиев Н.М., ходими калони илмии шуъбаи мазкур, полковники милитсия Асламов Б.С., инчунин намояндаи Шӯрои ҷавонони Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия Раҷабалиён А. низ баромад намуда, атрофи арзишҳои волои ин неъмати таърихӣ суҳбатҳо анҷом доданд.
Дар суханрониҳо чунин иброз гардид, ки баҳри расидан ба ин неъмати бузурги таърихӣ, яъне Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки тарроҳи он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа, нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хело бузург мебошад. Инчунин, зикр гардид, ки новобаста аз шароити мураккаби иқтисодиву сиёсӣ, таъмини ночизи моддию техникӣ ва вазъияти хатарноку пуршиддати руҳию ҷисмонӣ кормандони ин мақомот барои ягонагии миллат ва таъмини сулҳу субот дар ҷомеа софдилона вазифаҳои касбии худро иҷро намуда, ҳамеша посдори тартиботу амнияти ҷомеа ва амалисозандаи сиёсати одилонаву мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Вобаста ба амалишавии қарор ва натиҷаҳои кори семинари илмии мазкур бошад, зикр карда шуд, ки маърӯза ва пешниҳодоти ироагардидаро зарур аст, ки тавассути маҷаллаи илмии Осори Академия, ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», нашрияи «Набзи милитсия», васоити техники-ахборӣ ва умуман раванди таълим дарҷ гардида, ба таври васеъ истифода карда шаванд.

подполковники милитсия, Самиъзода Б.С.,

 

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...