Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРАФИ ОДАМӢ АЗ ИЛМ БОШАД

IMG 20220616 160834

Илм ба инсон имконият медиҳад, ки соҳибистеъдод гардад, хубу бадии ҳаётро омӯзад, мулоҳизакор бошад, маърифати баландро соҳиб бигардиду комилҳуқуқ бошад. Донишу илм ганҷи бузургест, ки баробари дунё арзиш дорад. Инак, санаи 16 июни с. 2022 дар Шӯрои диссертатсионии Д 203.002.08 дар назди Академияи идоракунии ВКД Россия (ш. Москва) зери мушовараи илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Россия А.М. Кононов, сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Теоретико-правовые основы организации деятельности органов внутренних дел Республики Таджикистан в системе обеспечения национальной безопасности государства» бо ихтисоси 12.00.11 – фаъолияти судӣ; фаъолияти прокурорӣ; фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ ва ҳуқуқҳифзнамоӣ бо муввафақият дифоъ намуд (аз 14 аъзо 14-нафар ба тарафдории он овоз доданд).

IMG 20220616 192059 1

Ҳимояи мазкур дар шакли онлайн (маҷозӣ) низ гузарониша душад буд, ки дар он ба сифати оппоненти ғайрирасмӣ Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор баромад намуд.
Роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҳимоя намудани дисертатсияи доктории муҳтарам Шарифзода Ф.Р. бо самимияти саршор таҳният гуфта, пирӯзиҳои нав, пешрафту фатҳи баланди қуллаҳои илму дониш ва сарбаландию сарфарозиро таманно менамояд.

IMG 20220616 191954
Роҳбарияти ВКД ва Академияи ВКД умедвор мебошанд, ки олимони ҷавон рисолаҳои номзадию докторӣ, корҳои илмию таҳқиқотии худро пешниҳод намуда, барои пешрафти илми ҳуқуқшиносии кишвар ва васеъгардонии фазои илмию эҷодии Тоҷикистон саҳми арзишмандии худро мегузоранд.

Агар хоҳи шудан бар сарварон сар,
Биомӯзу биандешу биофар.


Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...