Унвони илмии дотсент муборак Самиев Назар Мурадович!
Самиев Назар Мурадович, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия. Солҳои 1994-1998 дар Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ (аз соли 2000 – Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон) таҳсил намудааст. Тӯли солҳои 1998-2000 ба ҳайси омӯзгори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии МКД Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2000-2001 ба ҳайси омӯзгори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2001-2011 омӯзгори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва солҳои 2011-2013 омӯзгори калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Аълочии милитсия аз соли 2011 буда, бо қарори Раёсати КОА назди Президенти ҶТ аз 26-майи соли 2022 ба унвони илмии дотсент аз рӯи ихтисоси “ҳуқуқшиносӣ” мушарраф гардидааст. Бо медалҳои “75-солагии милитсияи Тоҷикистон”,”Хизмати шоён”,” “10-солагии Артиши миллӣ” ва ғайра қадрдонӣ гардидааст.
Давоми солҳои 2013-2016 ҳамчун адъюнкти факултети омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия дар кафедраи идоракунии мақомоти тафтиши ҷиноятҳо таҳсил намудааст. Санаи 6-уми апрели соли 2017 дар Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия бомуваффақият тадқиқоти диссертатсионии худро дар мавзӯи «Расследование нераскрытых преступлений прошлых лет (по материалам Республики Таджикистан и Российской Федерации)» аз рӯи ихтисоси 12.00.12 – криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ, таҳти роҳбари илмии доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Лавров Владимир Петрович ҳимоя намудааст. Солҳои 2017-2017 ба хайси дотсенти кафедраи ФОҶ факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2017-2020 ба ҳайси сардори факултети № 6 ФОҶ Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз 18 марти соли 2020 бо фармоиши Вазири корҳои дохилӣ ба вазифаи сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида , фаъолият намуда истодааст.Ҳамзамон, аъзои Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (2017). Аз аввали соли 2020 аъзои Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-059 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 2018 ба ҳайси омӯзгор-ҳамкор дар кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон аз фанни «Уголовно-процессуальное доказывание» ба донишҷӯён лексия мехонад. Дар факултети №6 Академия аз фанни “Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” ба курсантон дарс мегузаронад. Дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат намуда, куратори гурӯҳи таълимии 208-уми факултети №2 буда, бо онҳо чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ мегузаронад.
Муаллифи зиёда аз 45 адад корҳои илмӣ-методӣ мебошад. Бо маҷаллаҳои “Наркофронт”, “Современная криминлистика (Криминалистикаи муосир)”, рӯзномаҳои “Қонун ва ҷомеа” ва “Набзи милитсия” ҳамкорӣ дорад. Ҳамчун педагог дар сатҳи баланди методӣ машғулиятҳо гузаронида, бо шогирдон корҳои инфиродӣ мегузаронад. Аз соли 2020 то инҷониб ба омода намудани рисолаи докторӣ машғул мебошад.
Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД ва Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон Самиев Назар Мурадовичро барои мушарраф гардидан ба унвони илмии дотсент аз рӯи ихисоси “ҳуқуқшиносӣ” самимона табрику таҳният гуфта, ба ӯ комёбиҳои нав ба нави илмӣ-эҷодӣ орзуманданд.
Унвони илмии дотсент муборак Самиев Назар Мурадович!
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.