Маросими тантанавии навбатии хатмкунандагони Академия
Санаи 18-июни соли 2022 дар арафаи 25-солагии Иди Ваҳдати миллӣ дар майдони сафороии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Н., муовини аввали сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А., меҳмонони собиқадор ва волидайни хатмкунандагон иштирок ва суханрони намуданд. Маросими тантанавии хатми курсантон баъд аз гузаштан аз аттестатсияи давлатӣ ва бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои давлатӣ баргузор гардид.
Маросим бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуда, Байрақи Академияи ВКД ба маркази майдони сафороӣ бароварда шуд. Муовини аввали сардори Академия н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. бо нутқи пурмуҳтавои табрикӣ баромад карда, аз номи роҳбарият ва омӯзгорон тамоми хамкунандагонва ва волидайни онҳоро барои хатми бомуваффақияти Академияи ВКД табрику таҳният гуфта, ба онҳо баҳри хизмати софдилона дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ бурдборихо орзу намуд.
Ба хатмкунандагон дар вазъи тантанавӣ дипломҳои Академия, нишони сарисинагӣ ва рутбаҳои лейтенанти калони милитсия баҳри аълочиёни хониш ва лейтенанти милитсия барои хубу аълохонҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар вазъи тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти ВКД ва Академияи ВКД ба онҳо дипломҳои Академия супорида шуданд.
Сипас хатмкунандагони фаъол ва волидайни онҳо баромад карда ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои дохилӣ, роҳбарият ва омӯзгорони Академия баҳри заҳматҳояшон дар мудати таҳсил изҳори минатдорӣ намуда, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро бовар кунониданд, ки барои амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, таъмини волояти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва химояи хуқуқу озодиҳои шаҳравндон тамоми дониш ва малакаи аз бар намудаи худро содиқона сарф хоҳанд намуд.
Маросими ботантанаи хатм дар Академия бо садо додани сурудҳои ватандӯстона, расми гузашти низомӣ бо талаботи оинномавӣ дар вазъи руҳбаландӣ аз фазои сулҳу Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.,Убайдуллоев Ш.Э.