Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХУШХАБАР АЗ ШАҲРИ МОСКВА!

image-17-06-22-09-25Рӯзи гузашта (16.06.2022) дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии назди Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия ҳимояи рисолаи доктории сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бомуваффақият сурат гирифт. Ҳайати аъзоёни Шӯро иборат аз 22 нафар якдилона ҳимояи рисоларо маъқул шумориданд.
Раиси Шӯрои диссертатсионии Д 203.002.08, ки дар заминаи Муассисаи федералии давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ “Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия”, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент Киричек Евгений Владимирович таъсис ёфтааст, рӯзи 16-уми июни соли 2022 пас аз анҷоми раванди дифоъи рисолаи доктории Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ хулосаи Шӯроро дар бораи ба Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ додани унвони илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ қироат намуд.
Ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии Д 203.002.08 кушода эълон шуда, ба ҳимоя мавзӯи довталаби рисолаи доктории Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар мавзӯи «Асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии ташкили фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми таъмини амнияти миллии давлат», аз рӯи ихтисоси 12.00.11-фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқ гузошта шуд.
Унвонҷӯ: Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ 14 апрели соли 1974 таваллуд шудааст. Соли 1997 Мактаби Олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Ҳуқуқшиносӣ» хатм кардааст. Соли 2009 ба таври рӯзона Академии идоракунии ВКД Федератсияи Россияро хатм карда дар баробари он рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст. Солҳои 2021-2022 докторанти кафедраи «Ташкили фаъолияти мақомоти корҳои дохилии маркази машқи ситодӣ-фармондеҳӣ»-и Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия буд.

image-17-06-22-09-24-2

Мушовири илмии довталаб доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, сарходими илмии Маркази илмӣ-тадқиқотии Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Россия Анатолий Михайлович Кононов мебошад.
Муассисаи пешбар: Донишгоҳи Москвагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ба номи В.Я. Кикот баромад кардааст.
Муқарризони расмии диссертатсия:
1) Сангаджиев Бадма Владимирович, доктори илми ҳуқуқ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи аврупоӣ ва таъмини амнияти байналмилалии Донишгоҳи давлатии умумироссиягии адлияи Вазорати адлияи Россия ;
2) Залужный Александр Гаврилович, доктори илми ҳуқуқ, профессор, профессори кафедраи «Таъминоти ҳуқуқии амнияти миллӣ»-и Муассисаи таълимии федералии давлатии буҷетии таҳсилоти олии касбии «Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии Россия дар назди Президенти Федератсияи Россия»;
3) Кардашова Ирина Борисовна, доктори илми ҳуқуқ, профессор, профессори кафедраи «Асосҳои фаъолияти прокурорӣ»-и Муассисаи давлатии таълимии федералии таҳсилоти олии «Донишгоҳи Прокуратураи Федератсияи Россия» буданд, ки ҳама дар маҷмӯъ ба тадқиқоти диссертатсионии Шарифзода Ф.Р. баҳои баланд доданд.
Барои рисола аз минтақаҳои гуногуни Русия ва кишварҳои ИДМ зиёда аз 15 тақризҳо ворид шуда буд, ки ҳама дар умум мусбат арзёбӣ шудаанд.
Диссертатсия аз муқаддима, хулоса, 4 боб, 12 зербоб, рӯйхати адабиёт, замимаҳо, ки дар онҳо тадқиқотҳои сотсиологӣ ва лоиҳаи санади идоракунии стратегии муаллиф инъикос гаштаанд, иборат мебошад. Ҳамзамон, дар маҷмӯъ, довталаби рисолаи докторӣ доир ба мавзӯи тадқиқотӣ 55 номгӯи тадқиқотро дар ҳаҷми умумии 79,78 ҷузъи чопӣ, аз ҷумла 7 тадқиқоти монографӣ (ҳаҷми умумии 64,6 ҷузъи чопӣ), 48 мақолаҳои илмӣ дар ҳаҷми умумии 15,8 ҷузъи чопӣ, ки 27-то мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-ии Федератсияи Россия ба табъ расидаанд, ба анҷом расонидааст.

image-17-06-22-09-24

Роҳбарият ва ҳайати кормандони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналиро ба муносибати бомуваффақият дифоъ намудани рисолаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ самимона табрик ва муборакбод намуда, дар фаъолиятҳои минбаъдаи эҷодиашон комёбиҳои беназирро таманно доранд! Пайдо гаштани боз як доктори илм дар низоми ВКД муборакамон бод!

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...