Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар конференсия байналмилалӣ бахшида ба 30-юмин солгарди равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия

IMG 20220615 100516 1

Санаи 15 июни с. 2022 конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Вазъ ва дурнамои рушди шарикӣ ва иттифоқи стратегии Тоҷикистон ва Россия», ки ташкилкунандаи он Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Бояд гуфт, ки аз 1992 то инҷониб байни Тоҷикистону Россия беш аз 300 созишномаи байнидавлатӣ, байнимақомотӣ ва байниҳукуматие, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ, фарҳангӣ-техникӣ ва дигар самтҳо ба танзим медароранд, ба имзо расонида шудаанд. Санадҳои асосии муносибатҳоро Шартнома оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила ва Шартномаи ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ташкил медиҳанд.

Дар конференсия намояндагони ду кишвар, аз ҷумла, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ф., профессор Усмонзода Ҳ.У., муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ Имомӣ С.А., Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноиби Лякин-Фролов И.С., Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбурги Федератсияи Россия, ҷаноби Сайидзода З.Ш., ҳамчунин, мутахассисони соҳаҳои гуногуни Россия ва Тоҷикистон.
Дан ин чорабинии муҳим, ҳамчунин, намояндаи Академияи ВКД – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Назарзода Носир Ҷобир бо маърӯза дар мавзӯи «Мукаммалгардонии ҳамкориҳо дар соҳаи фаъолияти таълимӣ байни муассисаҳои таълимии системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» (Совершенствование сотрудничества в области образовательной деятельности между вузами системы МВД Республики Таджикистан и Российской Федерации) дар шакли он-лайн (маҷозӣ) иштирок намуд.
Дар рафти конференсия иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки таҳкиму тақвияти робитаҳои шарикӣ, густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, Сарони ду кишвар нақши асосӣ доранд, ки ба шарофати вохӯриҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ, ҳамкориҳои дуҷониба мақоми хосси шарокати стратегиро касб кардаанд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...