Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқҳои оперативӣ - тактикӣ дар Академияи ВКД

DSC 0203DSC 0212

Дар Академияи ВКД дар асоси накшаи таълимӣ ва фармоиши сардори Академия 14-уми июни соли 2022-ум машқҳои оперативӣ- тактики оиди бартараф намудани бетартибиҳои оммавӣ бо курсантони курсҳои 1-уми факултетҳои Академия гузаронида шуд. Дар рафти машқҳои оперативӣ - тактикӣ муовини сардори Академия оид ба низом, н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш., сардорон ва муовинони воҳидҳои таълимӣ-низомӣ, кормандони факултетҳо ва кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ ширкат намуданд.

DSC 0222DSC 0232

Аз ҷониби омȳзгорон тарзи дӯруст доштани сипар, дастаи резини ва чи тавр зарба задан ва инчунин оид ба коркарди силоҳ, ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани автоматҳои Калашников. (7,62-5,45мм) ва тапончаи Макаров (9-мм) фахмонида шуд. Чунин машғулиятҳои амалӣ пайваста дар Академияи ВКД бо курсантон ва шунавандагон аз ҷониби омȳзгорони кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ гузаронида мешавад.

Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...