Иштироки курсантони Академияи ВКД дар даври ноҳиявии Озмуни «Фурӯғӣ субҳи доноӣ китоб аст»
Боиси ифтихор аст, ки ҷиҳати иҷрои Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3-юми феврали соли 2022, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Низомномаи Озмун моҳи апрели соли ҷорӣ даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи панҷ номинатсия ташкил ва баргузор гардид: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назму наср. Шаш нафар курсантоне, ки ғолиби даври якуми Озмун гардида, роҳхат ба даври ноҳиявӣ гарифтанд: Маҳмадуллозода Довудхуҷа, Назаров Хайрандеш, Қодирова Сабриза, Саидов Толиб, Абдуллозода Салоҳиддин, Солеҳзода Ҳоҷиакбар, дар даври ноҳиявии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…», дар баробари дигар донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар фаъолона иштирок намуда истодаанд. Шоиста ба зикр ва таҳсин аст, ки ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавон ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад. Ҳадафи асосии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки имрӯз дар саросари кишварамон даври ноҳиявии он идома дорад, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар мебошад. Роҳандозию баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», воқеан, аз шоёнтарин корҳо, аз беҳтарин барномаҳо, аз муҳимтарин тадбирҳо, аз волотарин иқдомҳои фарҳангии Ҳукумат аст. Ин озмуни пурфурӯғ барои баланд бардоштани маърифати ҷомеа ба роҳ монда шудааст.
Давлатшозода Азиза
полковники милитсия