Чорабинии варзишӣ-ватандӯстӣ бахшида ба ҳафтаи ҷавонон
Ҷавонон неруи созанда ва ояндаи миллат мебошанд.Тарбия ва ташаккули шахсияти онҳо вазифаи муқаддаси омӯзгорони Академия маҳсуб меёбад. Роҳбарияти Академия барои тарбияи ватандӯстии онҳо мудом чорабинии варзишӣ-ватандӯстӣ ба нақша гирифта, дар доираи Шӯрои кураторони Академия баргузор менамояд.
Дар асоси ин бо ташаббуси сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Самиев Н.М. дар мувофиқа бо роҳбарияти Академия бахшида ба ҳафтаи ҷавонони Тоҷикистон рӯзҳои 28-29 майи соли 2022 курсантони гурӯҳи таълимии 208-уми факултети №2 (куратори гуруҳи таълимӣ Самиев Н.М.) ба чорабинии навбатии варзишӣ-ватандӯстӣ бо ширкати сардори курси мазкур капитани милитсия Саидов С., муовини сардори курс капитани милитсия Аюбов С. ба мавзеи зебоманзари Варзоб ҷалб гардиданд.
Курсантон аз милтиқи пневматикӣ тир паронда, ба бозиҳои варзишӣ аз қабили шоҳмотбозӣ, волейбол, футбол, шиноварӣ машғул гардиданд.
Чорабинии фарҳангӣ-варзишӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар рӯҳияи курсантони гурӯҳи таълимии 208- уми факултети №2 нақши хотирмон баст.
Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.