Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАРОСИМИ ДИПЛОМСУПОРӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ № 4

3245235234

Рӯзи 11 июни соли 2022 дар майдони сафорои факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд маросими дипломсупорӣ ба хатмкардагони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ доир гардид.

Ин чорабинии тантанавӣ бо иштироки муовини сардори РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники милитсия Бурҳониён О.П., командири қисми ҳарбии 3501 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Халилзода Б.Ҷ. ва ҳайати омӯзгорону курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волидони онҳо баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро сардори факултети №4Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ.,дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш. ҳусни оғоз бахшида тамоми хатмкардагони Факултети № 4 табрик гуфта, барояшон роҳи сафед, рӯзгори обод, саломативу хушбахтӣ ва садоқату самимиятро орзу намуданд.
Ҳамчунин аз тарафи муовини сардори факултети № 4Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б. фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани рутбаҳои махсуси аввалин ва рақамҳои шахсӣ ба хатмкунандагони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» қироат гардид, ки ба 2-нафар лейтенанти калони милитсия, ба 87-нафар рутбаи лейтенанти милитсия ва ба 4-нафар рутбаи лейтенанти хурди милитсия,инчунин дар ихтисоси ҳайати фармондеҳӣ ба 45-нафар рутбаи лейтенанти хизмати дохилӣ ва 1-нафар лейтенанти хурди хизмати дохилӣ дода шуд.
Муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд полковники милитсия Бурҳониён О.П. зимни баромади хеш хатмкардагони факултетро табрик намуда бо шукргузорӣ аз давлату Ҳуқумати Тоҷикистон, зиндагии осуда ва шароити хуби зисту таҳсил ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар тақвияти суханонаш илова намуд, фаромӯш набояд кард, ки корманди мақомоти корҳои дохилӣ будан, ифтихору сарбаландист ва ин масъулият дар назди мову шумо ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор, пешгирӣ ва муборизаи беамон бурдан ба ҷинояткорӣ, дониши мукаммал ва содиқ будан ба Савганди хешро талаб менамояд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ аз номи хатмкардагон лейтенанти ҷавон Сидиқов Пайрав баромад карда, зикр намуд, ки дар посух ба ҳама ғамхориву дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқу миллат фаъолияти содиқонаву софдилонаро ба роҳ мемонанд. Дар фаъолияти мустақили касбият чун устодон ва собиқадорони содиқи соҳа аз худ далериву шуҷоат ва мардонагиву матонат нишон медиҳем.
Дар охири чорабинӣ, сардори факултети №4Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ.,дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш., бори дигар ба хатмкардагон садоқату самимият, хизматгузорӣ ба халқу Ватан ва баромадан аз иҷрои уҳдариҳои вазифаҳои хизматиро таманно намуд.

Факултети № 4

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...