Виктарина аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ байни курсантони курси якуми факултети №2 ва факултети№6 Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 9 июни соли 2022 бо ташаббуси ҷамъияти илмии курсантони «Давлатшиносони ҷавон»-и кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон виктарина аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ дар миёни курсантони курси якуми факултети№2 ва факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сардори факултети №2 н.и.ҳ. полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С., ходими илмии ШТИ ва ТН Академияи номбурда, капитани милитсия Расулзод Лоиқ, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., подполковники милитсия Муҳаммад Саъдӣ, сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 н.и.ҳ. майори милитсия Заробидинзода С.З. ва инчунин ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ алалхусус подполковники милитсия Солеҳзода Ф.,майори милитсия Қодирзода Ғ.Н., майори милитсия Пулатова Ф., майори милитсия Қурбонзода Ҷ., лейтенанти калони милитсия Абдураҳмонзода А., ҳамчунин роҳбари маҳфили илмӣ лейтенанти калони милитсия Фахридинзода Ҳ.С, ва аъзоёни маҳфили илмӣ курсантони курсҳои 1-и факултети №2,6, ки аз 60-нафарро ташкил медоданд, фаъолона иштирок намуданд. Дар озмуни мазкур 11-гуруҳ аз байни курсантони гуруҳҳои таълими курси якум ширкат варзиданд.
Озмун дар шакли виктарина аз 5-давр иборат буд, аз ҷумла:
1. Донистани мафҳумҳои зиёд аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ;
2. Пур кардани тест аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ;
3. Пур кардани сканворд;
4. Ҷавоб гардонидани саволҳо бо тарзи шифоҳӣ (билет);
5. Дар шакли слайд пешниҳод намудани калимаҳо вобаста ба фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ ;
Иштирокчиён аз ӯҳдаи тамоми шартҳо баромада, байни худ бо бо шавқу рағбат рақобат намуданд . Аз натиҷаи озмун маълум гардид, ки ҷои аввал насиби гуруҳи 107, ҷои дуюм насиби гуруҳи 104 ва ҷои сеюмро гуруҳи 106 факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуд.
Дар охир иштирокчиён барои иштироки фаъолонаашон қадрдонӣ гардиданд. Бо ҳамин, озмун дар шакли виктарина аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ ба анҷом расид.
Роҳбари маҳфили илмии
«Давлатшиносони ҷавон»
муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ- ҳуқуқии
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенанти калони милитсия Фахридинзода Ҳ.С.