Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарбияи ҳарбӣ-ватандустии хатмкунандагони Академия

«Дар хотираи неки халқ ҷасорат ва садоқати бепоён ба кори нахустин кормандони милитсия, қаҳрамонӣ ва шуҷоати милитсионерон дар солҳои барқароршавӣ ва ҳифзи сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон абадан боқӣ хоҳад монд».

OSH 2422

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар раванди тағйиротҳои солҳои истиқлолияти давлатӣ Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи ватандӯстии ҳайати шахсӣ тавассути сохторҳои он корҳои назаррасро ба анҷом расонида, дар баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбии курсантону шунавандагон ва хатмкунандагон кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. «Ташакули инсони ҳамачониба инкишоф ёфта, тарғиби тарзи хаёти солим ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогохии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва эхтиром ба арзишҳои неку созандаи милливу умуми башарӣ, аз ҷумла ҳадафҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад» - кайд намудааст, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли 2013.

OSH 2432

Яке аз раванди муҳими корҳои тарбиявӣ дар Академияи ВКД ин тарбияи ҳарбӣ-ватандустии курсантону шунавандагон ба шумор меравад. Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ тавассути роҳбарияти Академия, сардорони воҳидҳои таълимӣ-низомӣ, қисми низомӣ, шуъбаҳо, факултетҳо, кафедраҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон, созмонҳои ҷамъиятӣ,Шӯрои ҷавонон,Шӯрои роҳнамоён,Шӯрои кураторон амалӣ карда мешавад. Дар Академия чунин намудҳои тарбия пайваста амалӣ карда мешаванд:
-Тарбияи касбӣ;
-Тарбияи ахлокӣ;
-Тарбияи хукукӣ;
-Тарбияи ватандӯстӣ ва инсондустӣ;
-Тарбияи эстетикӣ;
-Тарбияи экологӣ;
-Тарбияи ҷисмонӣ.

OSH 2417OSH 2425

Баҳри солимӣ ва омодагии ҷисмонии курсантон аз ҷониби қисми низомӣ ва кафедраи тактикаи махсус ва омодаги ҷисмонии факултети №2. пайваста мусобикаҳои ҳарбӣ-варзишӣ гузаронида мешаванд, ки курсантон ғолиби мусобикахои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мегарданд.
Дар Оинномаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Максадҳои тарбиявии Академия хамчун муассисаи олии махсус, аз талаботҳои фаъолияти касбии МКД бар меояд, Онхо дар фаъолияти таълимӣ, илмӣ, хизматӣ ва фаъолияти ҷамъияти илмии шунавандагон амалӣ мегарданд.
Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ дар самти ба амалияи мақомоти корҳои дохилӣ омода намудани хатмкунандагон аз ҷониби муовини сардори Академия оид ба низом н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш. бо хатмкунандагони Академия чорабинии ҳарбӣ-ватандӯстӣ оид ба қисмхо ҷудо намудани аслиҳаи оташфишон ( автомати Калашников ва тапончаи Макаров), қоидаҳои бехатарии истифодаи аслиҳаи оташфишон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Оинномавӣ гузаронида шуд.
Хатмкунандагон дар чорабинӣ ширкати фаъол нишон дода, меъёрҳои муқарраргаштаро дар вақти муайян иҷро намуданд. Роҳбарияти Академия ба санҷиши омодагии назариявӣ ва амалии хатмкунандагон ҷиҳати истифода ва ба қисмхо ҷудо намудани аслиҳаи оташфишон ва истифодаи дурусти он баҳои комёб гузоштанд.
Асламов Б.С.,Сафарзода С.Н.,Убайдуллоев Ш.Э.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...