Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳфили турсунзодахонӣ дар Академияи ВКД таҳти унвони: «Ҳамеша бо Ватан будам, Ҳамеша бо Ватан масрур...»

IMG-20220604-WA0038Мавзуи сулҳу ваҳдат, накукориву созандагӣ ҳамчун шиори мардуми фарҳангпарвару тамаддунсози тоҷик ба осори адиби башардӯст- Мирзо Турсунзода ҷилои тоза мебахшад. Мирзо Турсунзода доираи мавзуъ ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷикро вусъат дода, манзараҳои гуногуни ҳаёти мамлакатҳои хориҷиро бо афкори нав ва аз дидгоҳи тоза ба адабиёти мо ворид сохт ва ба ин васила мактаби нави адабиро ба вуҷуд овард. Сабақи дигари ин мактаби адабӣ иборат аз он аст, ки шеъру сиёсатро ба ҳам омезиш дода, адабиётро ҳамчун воситаи муассири муттаҳид кардани ҷомеа ва ташаккули афкори умум неруманд гардонид. Мирзо Турсунзода ҳамчун муборизу тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои байналмилалӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ анҷом дода, дар роҳи таҳкими сулҳу дӯстии кишварҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир кардааст. Дар натиҷаи сафарҳояш ба Деҳли, Исломобод, Париж, Варшава, Вена, Қоҳира, Стокголм, Хелсинки ва дигар кишварҳо устод Мирзо Турсунзода чун шахсияти барҷастаи фарҳангию иҷтимоӣ ба камол расид ва Тоҷикистону халқи тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуд. Соли 1960 Ҳукумати шӯравӣ хизматҳои барҷастаи шоирро ба назар гирифта, барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» ӯро бо Ҷоизаи ленинӣ мушарраф мегардонад. Соли 2001 дар арафаи 90-солагии шоир фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба ин фар¬зан¬ди фарзонаи миллат, тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои байналмилалӣ - Мирзо Турсунзода додани унвони Қаҳрамони Тоҷи¬кис¬тон ба имзо расид. Чун анъана ҳар сол моҳи май (бахшида ба зодрӯзи шоир) дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун: конференсия, семинар, мизи мудаввар ва турсунзодахонӣ баргузор мегардад. Маҳфили имсолаи турсунзодахонӣ, ки зиёда аз 25-нафар курсантон ашъори шоири маҳбуби тоҷик Мирзо Турсунзодаро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз ёд намуданд, инчунин омода намудани саҳнача аз достони «Ҳасани аробакаш», тафовут дошт. Дар фарҷони чорабинӣ курсантони фаъол бо китоби «Таронаи ишқ»-и Мирзо Турсунзода сарфароз гардиданд. Мақсад аз баргузор намудани чунин маҳфилҳо эҳё намудани анъанаҳои арзишманд, амсоли шоҳномахонӣ, маснавихонӣ, бедилхонӣ, саъдихонӣ, турсунзодахонӣ… омода сохтани заминаҳои мусоиди фикри барои рушду нумуи тафаккури адабӣ, қобилияти суханварӣ мебошад.
Давлатшозода Азиза
полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...