Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷуёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов

DSC 0031

27-уми майи соли 2022 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи банди 1 Нақша чорабиниҳои муштараки Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳамкории шаҳрвандон бо милитсия ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар ҷоме дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов бо иштироки муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. ва сардори факултети №2 Академия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С. бо 250 нафар донишҷуён вохӯрии судманд доир карда шуд.
Муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. дар чорабинии мазкур ба донишҷуёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов мазмуну муҳтаво ва аҳамияти ҳамкории шаҳрвандонро дар мубориза ба ҷинояткорӣ бо таври возеҳу равон шарҳ дода, дар бораи вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон иттилооти муфассал дод.
Аз ҷумла, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ҳушёриву зиракии сиёсӣ, вазъи кунунии давлати Афғонистон ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷомеа ва давлат аз хатарҳои муосири экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои хусусияти трансмиллидошта бо таври содаву равон иброз дошт.

DSC 0024

Сипас, сардори факултети №2 Академия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С. вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ баромади судманд намуда, қайд карданд, ки дар ин лаҳзаҳои мураккаби ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳон танҳо матонату мардонагӣ, ватандӯстиву адолатпарварӣ, эҳтирому эътимод ба фарҳанги миллӣ, таъриху адаби пурифтихори миллати тоҷик моро аз ин хатарҳо эмин медоранд.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...