Даври ниҳоии Олиапиадаи фаннӣ (забонҳои русӣ ва англисӣ) дар Академияи ВКД
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани завқи забондонии ҷавонон, аз дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манша мегирад. Ҳанӯз соли 2003 - ум Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ қабул шуда буд. Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз27.01.2021) ба масъалаи омӯзиш ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз намуданд: «Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад». Оре, забони тоҷикии дарӣ, ба ҳайси забони расмии давлати абарқудрати Сомониён ҳамчун забони байналмилалии ҷаҳони асримиёнагӣ зиёда аз ҳазор сол Шарқи маънавиманишро бо Ғарби моддигаро мепайваст ва асрҳо чун забони кории Роҳи Абрешим хизмат намуда, он рисолати забони муоширати байналмилалиро ба ҷо меовард, ки дар ҷаҳони муосир забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, русӣ, испанӣ, олмонӣ, арабӣ ба дӯш доранд ва донистани забони модарӣ меъёри асосии худшносии миллӣ ба шумор меравад. Аммо дар баробари донистани забони модаррии хеш, ҳатман забонҳое, ки ҳоло ҷаҳониён мушоират мекунанд, бояд омӯхт, зеро забон воситаи муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медихад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботхои рӯзмарраи хаёт огаҳ гардад. Донистани забони ғайр донистани воқеияти ҳаёти миллати дигар ва кулли дигаргунихои олам аст. Дар мавриди донистани забони ғайр кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он забон гуфтугу намояд. Аз дарду доғ ва бурду бохти ин миллат чизе омӯзад, ҳангоми мусофират ё сафар ба монеаву душворихо рӯ ба рӯ нагардад. Озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофароғат эҳсос намояд. Зеро ба қавли шоир:
Агар сесад забон донй, фузун нест,
Ҳама рӯзе ба кор ояд забун нест.
Надонӣ гар забони миллати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.
Забондонӣ - чахондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихор аст, ки дар хама гуна лахзахои хаёт чи гаму дард ва чи хушию шодмонй инсонро ёвару мададгор, дилбардору эхсосгар аст. Донистани забони ғайр миллатро ба бузургӣ, фардро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффакият ноил мегардонад:
Забондонӣ ба волоӣ расонад,
Зи гумрохию нодонӣ раҳонад.
Касе к-у беш омӯзад забоне,
Расидан бар муроди дил тавонад.
Сарбаланду боифтихор аст, фарде, ки донандаи чандин забон асту ҳеч гоҳ дар ягон маврид дар намемонад. Забондонй дар ягон давру замон падидаи номатлуб нахохад буд. Он ҳамеша зарур, поянда ва боиси ифтихори баланд буда, шахси забондон чун шамъи равшангар ва маҷлисорои ҳамаи анҷуманхо мебошад. Хушбахтона баъд аз ба даст овардани истиқлол дар кишвари мо ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ ва азхудкунии онҳо диққати махсус равона шуда, барои омӯзандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Зеро ин забонҳо, яъне забонҳои русӣ ва англисӣ аз забонҳои сергӯиштарин маҳсуб меёбанд. 27-уми майи соли 2022 дар толори фарҳангии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Олимпиадаи фаннӣ (забонҳои русӣ ва англисӣ) тибқи Низомномаи озмуни донандагони забонҳои хориҷӣ (забонҳои русӣ ва англисӣ) миёни курсантони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор гардид. Маросими кушодашавии Олимпиада дар фазои идона бо иштироки муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм н.и.ҳ.,дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А., сардори Шуъбаи таълими Академияи ВКД полковники милитсия Саидзода С.С., Ҳамоҳангсози «Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саидзода Ҳалим (Раиси комиссияи оид ба забони англисӣ), дотсенти кафедраи забони русии ихтисоси ғайрифилологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Назаров Аҳмад (Раиси комиссия оид ба забони русӣ) дигар аъзоёни комиссия, устодон ва курсантон аз Академияи ВКД, муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кулоб, муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ дар ноҳияи Данғара, факултети №4 Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд, оғоз гардид. Қайд кардан ба маврид, аст, ки даври якуми Олимпиада моҳи апрели соли равон дар муассисаҳои номбурда баргузор гардид ва рӯйхати ғолибон ба Академияи ВКД барои иштирок дар даври ниҳоӣ пешниҳод гардид. Дар умум ғолибони даври аввал, ки роҳхат ба даври ниҳоӣ гирифтанд, 32-нафарро ташкил намуд. Комиссия тибқи шартҳои Низомнома:
- кори хаттӣ (диктант);
-хондани матн (тибқи меъёр,интихобӣ) нақли мазмуни матн;
-санҷиши тестӣ;
-худмуаррифкунӣ, аз ёд гуфтани топикҳо дар мавзуъҳои «Оилаи ман», «Тоҷикистон-кишвари озоди ман», «Касби дӯстдоштаи ман», «Душанбе-пойтахти Тоҷикистон» ва ғайра, фаъолият намуд. Қисмати дуюми рӯз Комиссия ва дигар масъулини комиссия натиҷаи шартҳои озмунро ҷамъбаст намуда, аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД ба ғолибон, курсантоне, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд, мукофоти пулӣ, «Ифтихорнома»-ҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Дар озмун курсантонне, ки қобилияти хуби забондонӣ (манзур забонҳои русӣ, англисӣ) доштанд, ширкат варзида донишу малакаи забондонии худро ба тариқи хаттӣ, тестӣ (пурсишномавӣ), шифоҳӣ озмуданд. Агар барои омӯхтани илму ҳунар накӯши, мубориза набари, ҳеч гоҳ наметавони муроди дилро ба даст овари, олиму тавонгар гарди. Ханӯз аз қадимулайём бузургон, донишмандон ва фозилони даҳр танҳо тавассути омӯзиш, мутолиаи фарҳанги ғании гузаштагонамон донишу маҳорати хешро сайқал дода, машҳур гардидаанд.
Агар хоҳӣ шудан бар сарварон сар,
Биомӯзу биандешу биофар.
Азиза Давлатшозода
полковники милитсия