Тарғиби қонунгузорӣ ҳамчун роҳи пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ҷавонон
Санаи 26-уми майи соли 2022 дар асоси талаботи Нақша-чорабинӣ оид ба сафарбар ва вобаста намудани сардор ва муовинони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар, ки аз тарафи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23.05.2022 сол тасдиқ гардидааст, кормандони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати, муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Собирзода А.Ҷ., сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Нуралиев С.Ш ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Нуриддинзода С.Н ба Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ташриф оварда, бо кормандон ва донишҷӯёни муассисаи зикршуда вохӯрӣ доир намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Собирзода А.Ҷ., оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз тарафи ҷавонон дар доираи талаботи умумиҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҷиҳати татбиқи сиёсати созанда ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби дастгирии ҷавонон ҳамчун давлатдорон ва ҳукуматдорони оянда муҳокимаронӣ карданд.
Сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Нуралиев С.Ш дар мавзӯи «Ҳисоботҳои расмии омории ҷинояткории ҷавонон дар соли 2021 ва муқоисаи он бо солҳои пешин» маърӯза қироат намуда, вобаста ба фаъолияти амалии мақомоти корҳои дохилӣ дар самти пешгирии ҷинояткории наврасону ҷавонон мисолҳои воқеӣ оварданд.
Дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Нуриддинзода С.Н дар мавзӯи «Ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон: усулҳои муосири пешгирӣ ва дӯрнамо дар ин самт» бо маърӯза баромад кард. Нуриддинзода С.Н дар доираи маърӯзаи хеш ҷиҳати таҳаммулпазирии ҷавонон, нопазироии урфу одатҳои ғайримиллӣ, сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкунии наврасону ҷавонон ва муқаррароти қонунгузорӣ оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон муҳокимаронӣ карда, донишҷӯёнро ба ҳисси ватандорӣ, меҳандӯстӣ, садоқат ва хизмат ба ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи муқаррароти қонунгузорӣ даъват намуд.
Дар охири чорабинӣ байни донишҷӯён ва маърӯзачиён саволу ҷавоб доир гардида, роҳбарияти муассиса ба роҳбарияти ВКД ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкории судманд дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонон ва тарғибу ташвиқӣ муқаррароти қонунгузории давлат миннатдории хешро изҳор намуданд.