Баргузор намудани конференсияи байналмилалӣ оид ба мавзӯи мушкилот ва хатарҳои фаромиллӣ дар фазои Иттиҳод, ки бо сабаби вазъ дар Афғонистон ба вуҷуд меоянд
25 майи соли 2022 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мушкилот ва хатарҳои фаромиллӣ дар фазои Иттиҳод, ки бо сабаби вазъ дар Афғонистон ба вуҷуд меоянд: тамоюлҳо, пешгӯиҳо, роҳҳои безараргардонӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия мутахассисон ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ/Политсияи муассисаҳои илмӣ ва таълимии Озорбойҷон, Арманистон, Беларуссия, Молдова, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои соҳавии ҳамкориҳои ИДМ, ҳамчунин мутахассисони барҷастаи мақомоти давлатии Тоҷикистон иштирок намуданд. Чорабинӣ ҳам дар шакли бевосита ва ҳам тавассути он-лайн (маҷозӣ) ташкил карда шуд.
Конференсия мувофиқи банди 3.7-и Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023, ки аз ҷониби Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 28 сентябр соли 2018 ва Қарорҳои Саммити Бокуи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ 20 июли соли 2018 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.
Мақсади баргузории конференсияи мазкур аз баррасии масъалаҳои мубрам марбут ба таъсири эҳтимолӣ ба вазъи криминалӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви ИДМ таҳдидҳое, ки дар натиҷаи тағйироти вазъи иҷтимоию сиёсии Афғонистон ба вуҷуд меоянд, инчунин самтҳои ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии/политсияи кишварҳои узви ИДМ дар самтҳои афзалиятноки мубориза бар зидди экстремизм, муомилоти байналмилалии маводи мухаддир, муомилоти силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок буд.
Дар рафти конференсия масъалаҳои гуногун, аз қабили:
- ҳолат ва тамоюлҳои рушди вазъи ҷиноятӣ дар ҳудуди кишварҳои узви ИДМ;
- масъалаҳои мубрами мубориза бо терроризм ва экстремизм дар фазои ИДМ ва роҳҳои ҳалли онҳо;
- ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви Иттиҳод дар мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ;
- таъсири ҷараёни муҳоҷират ба вазъи ҷиноятӣ дар кишварҳои узви ИДМ;
- ҳамкории мақомоти салоҳиятдор дар соҳаи амният дар минтақаҳои наздисарҳадии кишварҳои узви ИДМ;
- мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва роҳҳои безараргардонии он;
- проблемаҳои мубрами ҳамкории мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир;
- қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон ва ғ.
Иштирокчиёни форум бо назардошти баррасии баҳсҳо қайд карданд, ки вазъи кунунии Афғонистон ноустувор боқӣ монда, дар пасманзари омилҳои зиёди номуайянӣ барои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як қатор таҳдидҳо, хатарҳо ва ситезаҷӯии ҷиноятӣ, аз ҷумла, терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ дорад.
Дар конференсия доир ба ин масъалаҳо 25 маърӯза ва баромадҳо шунида ва муҳокима карда шуда, дорои хулосаҳои таҳлилӣ, пешниҳоду тавсияҳои амалӣ, ки асоси резолютсияи конференсияро ташкил доданд.
Иштирокчиёни конференсия ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Академияи ВКД барои истиқболи гарм, меҳмоннавозии анъанавӣ, сатҳи баланди ташкил ва баргузории чорабинии намояндагии илмӣ изҳори сипос намуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр