Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рафти дарсҳои таълимӣ дар курсҳои такмили ихтисос.

DSC 0041Барои дар амал табиқ намудани дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., аз 24 апрели соли 2022 дар Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалияи маъмурӣ курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ бо нозирон ва сарнозирони раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шаҳру ноҳияҳо ба дарс фаро гирифта шудаанд.
Мутобиқи ҷадвали дарсии тасдиқ намудаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р.,аз ҷониби сардори Шуъбаи роҳбарии нозирони минтақавии милитсия, полковники милитсия Холмуродзода Дилшод Холмуров ва нозири калони Шуъбаи роҳбарии нозирони минтақавии милитсия, подполковники милитсия Раҷабов Ҳамзалӣ Исматович дар мавзӯи «Оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ба расмия даровардани мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» дар сатҳи баланди касбӣ машғулиятҳо гузаронида шуданд.DSC 0437Инчунин аз ҷониби сардори Раёсати таҳқиқ, полковники милитсия Сафарзода Эмомалӣ Сафар дар мавзӯи «Далелҳо ва исботкунӣ оид ба парвандаи ҳуқувайронкунии маъмурӣ» ва муовини сардори раёсати таҳқиқ, полковники милитсия Шарифзода Хушбахт дар мавзӯи «Асосҳои оғози расмиёти маъмурӣ аз рӯи аризаи маъмурӣ ва тартиби баррасии он» дар сатҳи баланди касбӣ машғулиятҳо гузаронида шуданд.
Убайдуллоев Ш.Э., Сафарзода С.Н.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...