МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!
«Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад».
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 23 майи соли 2022 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии сардори Академия, номзади илмҳои ҳуқуқ, додтсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ таҳти шиори «МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!» чорабинии тантанавии идона баргузор гардид. Нахуст сардори Академия муҳтарам Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ чорабинии тантанавиро ҳусни оғоз бахшида, қайд карданд, ки имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Тавре медонем, ин мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба инобат гирифта, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карданд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ бояд донанд.
Ҳамзамон сардори Академия аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ иқтибос оварда қайд карданд, ки: «Ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».
Дар баробари ин Сардори Академия аз тавҷҷуҳи хоси Вазири корхои дохилӣ нисбати сиёсати давлатии ҷавонон бахусус ба курсантону шунавандагони Академия бори дигар ёдовар шуд, ки борҳо дар Академияи ВКД баргузор гариданд.Дар давоми чорабинӣ аз ҷониби сардори Академия таъкид гардид, ки кӯшишу заҳматҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Вазири корҳои дохилиро дар ростои ҷавонон ба инобат гирифта, аз ҳар як курсант талаб карда мешавад, ки нисбати касби интихобкардаи хеш содиқ бошад ва хизмат ба халқу ватанро пешаи асосии худ қарор диҳад.
Сипас барои ҳавасмандгардонии курсантони фаъол фармоишҳои сардори Академия қироат карда шуда, курсантони аълохону дорои интизоми намунавӣ бо мукофотҳо мушарраф гардиданд. Дар ин росто фармоиши раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақдими шаҳодатномаи махсус ба курсанти курси 4 факултети №2, сержанти хурди милитсия Муродзода Баҳманёр Қурбон қироат карда шуд. Тибқи маълумот курсанти мазкур курси кӯтоҳмуддати Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллат» ташкил гардида буд хатм кардааст ва соҳиби шаҳодатномаи болозикр гардидааст.
Бадан бахшида ба ин рӯз гузашти тантанавии низомии афсарон ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон зери оҳанги мутантан баргузор гардид.
Бояд зикр намоем, ки ҳамасола санаи 23 май ҳамчун «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» дар Академияи ВКД ва факултетҳои он бо як шукӯҳу шаҳомати махусус ва ташкили чорабинии тантанавии фарҳангӣ ва варзишӣ таҷлил карда мешавад.
Нуруллозода М., Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.