Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии иттилоотӣ- тарғиботӣ бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Санаи 21-уми майи соли равон бо ташаббуси роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 23 май - рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии иттилоотӣ- тарғиботӣ баргузор гардид.

чав2

Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Роҳбарият, кормандони Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва як қатор ҷавонону наврасони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №63 ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе, аз наздик бо шароити таҳсилу хизмати курсантон шинос шуда, дар бораи аҳамияти ҷавонон барои ояндаи неку созанда сӯҳбатҳои муфид доир намуданд.
Инчунин як қатор ҷавонони фаъоли Академия барои саҳм гузоштан дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии курсантон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ бахшида ба - рӯзи ҷавонони тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

чафонон1

Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...