Терроризм ва экстремизм хатари замон
Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовар дар мисоли терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башар, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори ҷомеа таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст. Бо дар назардошти чунин омилҳо, ки ба амнияту давлати ҳар як давлат таъсири манфӣ мерасонад, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ пайваста дар ин самт чорабиниҳои мақсаднок гузаронида мешавад.
Аз ҷумла, ҳафтаи равон дар Академияи ВКД мизи мудаввари академиявӣ дар мавзӯи “Пешгирии амалҳои ҷинояткоронаи хусусияти террористӣ ва экстремистидошта дар байни ноболиғон ва ҷавонон” бо иштироки сардори РОПҲНҶ полковники милитсия Бухоризода Мансур, муовини сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ, намояндагони раёсатҳои кофтукови ҷиноятӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, ҳамзамон омӯзгорону курсантони ин боргоҳи илму маърифат доир гардид.
Дар ин ҷамъомад Бухоризода Мансур дар мавзӯи “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ” суханронӣ намуд. Илова бар ин, доир ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм маълумот дода, изҳор дошт, ки терроризму эктремизм чун вабои аср имрӯз мушкилоти кулли сайёра гаштааст. Мо танҳо дар якҷоягӣ метавонем ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем.
Ҳамзамон, намояндаи РМЗҶМ ВКД доир ба ин мавзӯъ ибрози назар намуда, аз таҷрибаи амалии оперативӣ-тафтишотӣ вобаста ба гумроҳшавии баъзе аз ҷавонон, аз ҷумла ҳамватанони мо маълумот дод.
Таъкид гардид, ки бетарафӣ нисбати ин зуҳурот амали шоиста набуда, ҳар нафар барои пешгирӣ аз экстремизму терроризм бояд эҳсоси масъулият намояд.
Дар идомаи мизи мудаввар баромадкунандагон доир ба ин мавзӯи доғи рӯз баромад намуда, фикру ақидаҳои худро мушаххас баён намуданд.
Дар охир миёни курсантон ва иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифта баромадкунандагон ба саволҳои курсантон ҷавобҳои мушаххас доданд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Абдулло Шоҳиён, Дилшод Холов.