Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни «Фурӯғӣ субҳи доноӣ китоб аст» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

v2pc32AbWIziKYGUCNwSХушбахтона, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир бо мақсади рушди китобу китобдорӣ дар кишвар чанд иқдоми шоистае, аз қабили қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ”, бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон, таҷлили “Рӯзи китоб”, зиёд намудани чопи китобҳои бадеӣ ва дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоб, бознашри осори адибони классику муосири тоҷик бо унвони “Ахтарони адаб”, бо теъдоди зиёд нашр намудани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - “Тоҷикон” ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” рӯи даст гирифтанд, ки аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтанд. Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 - юми феврали соли 2022, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар байни курсантони Академияи ВКД бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонии онҳо аз рӯйи панҷ номинатсия:

-адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
-адабиёти классики тоҷик;
-адабиёти муосир;
- адабиёти ҷаҳон;
-эҷоди назму наср. тибқи талаботи нақша- чорабиниҳои Академияи ВКД, санаи 05.05.2022 даври академиявии озмуни мазкур дар толори Шурои олимони Академияи ВКД (ошёнаи 1) ташкил ва баргузор гардид. Ҳакамони озмун (иборат аз 7-нафар) истеъдоди курсантонро баҳогузорӣ намуда , ғолибони озмунро муайян намуданд, дар натиҷа шаш нафар курсантони Академия сазовори ҷойҳои намоён гардида роҳхат ба даври ноҳиявӣ гирифтанд:
Ҷойи якум:
1. Маҳмадуллозода Дрвудхуҷа - курсанти курси чорум, гурӯҳи таълимии 402 (номинатсияи адабиёти муосир)
2. Абдуллозода Салоҳиддин - курсанти курси дуюми гурӯҳи таълимии 203 (номинатсияи адабиёти классик)
Ҷойи дуюм:
1. Қодирова Сабрина - курсанти курси чоруми гурӯҳӣ таълимии 403. (номинатсияи адабиёти классик)
2. Саидов Толиб - курсанти курси дуюми гурӯҳи таълимии 207. (номинатсияи адабиёти бачагона).
Ҷойи сеюм:
1. Назаров Хайрандеш - курсанти курси чоруми гурӯҳи таълимии 402 (номинатсияи адабиёти бачагона).
2. Солеҳзода Ҳиҷиакбар - курсанти курси дуюми гурӯҳи таълимии 201 (номинатсияи адабиёти муосир).

Барои иштирок дар даври ноҳиявии озмуни «Фурӯғӣ субҳи доноӣ китоб аст» ба курсантони ғолиб муваффақият таманно дорем.


Давлатшозода А.Ш.
полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...