Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сабабҳои даст ба ҳуқуқвайронкунӣ задани наврасон ва ҷавонон

далерДар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Сабабҳои даст ба ҳуқуқвайронкунӣ задани наврасон ва ҷавонон» шуда гузашт. Дар чорабинии мазкур ходими илмии шуъбаи илм ва таъбу нашри Академия лейтенанти милитсия Мирзоев М.М., дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, подполковники милитсия Рустамзода З. Р., муаллимони калони кафедра, подполковники милитсия Айдархонзода Ш., майори милитсия Ғафурзода Д. А. ва аъзоёни ҷамъияти илмии курсантон бо номи «Ҳомии тартибот» - и кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии Академия иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши илмӣ баромадкунандагон асосан аз ҳисоби омузгорони кафедра ва аъзоёни ҷамъияти илмӣ буда, маърӯзаҳои зерин шунида шуд:
Ғафурзода Далер Азалшо муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, майори милитсия дар мавзӯи «Хусусиятҳои пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғон»;
Айдархонзода Шукрихудо муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои асосии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон»;
Салимзода М. курсанти курси 3 факултети № 2, милитсияи қаторӣ дар мавзуи «Огоҳонии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон».

Лозим ба ёдоварист, ки маърӯзачиён вобаста ба проблемаҳои сабаб ва омилҳои ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ даст задани ҷавонону ноболиғон дар шароити кунунии Тоҷикистон ба ҳозирин маълумоти муфассал дода, мубрамияти масъалаи мазкурро то давраи соҳибистиқлолӣ ва истиқлолияти комил ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷиқистон таҳлилу баррасӣ намуданд.
Дар охири семинар оид ба мавзӯи мазкур миёни иштирокчиён баҳсу мунозираҳои илмӣ ба роҳ монда шуда, пешниҳоди баромакунандагон ва музокирачиён ба инобат гирифта шуд. Ҳамчунин аз ҷониби омӯзгорони дигар кафедраҳои тахассусӣ ба ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ тавсия дода шуд, ки пешниҳодҳои илмии асоснокро дар дарсҳои ҳатмӣ ба курсантон фаҳмонанд.

Убайдуллоев Ш.Э

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...