Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохȳрии кормандони Академияи ВКД бо аҳли ҷамоатчигӣ

DSC00028Рӯзи 10-уми майи соли равон бо дастутуру супоришҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, муовини сардори шуъбаи кадрҳо Академияи ВКД полковники милитсия Иброҳимзода Қ.Б., муовини сардори шуъбаи таълимӣ Академияи ВКД, полковники милитсия Аҳтамшозода С., раиси маҳалла ва имомхатиби маҳалла бо аҳли ҷамоатчигии маҳаллаи Мастонгулов-3,ва маҳалаи Суҳроб Шарипов воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии муфид доир намуданд.
Дар вохӯрии мазкур оид ба Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» инчунин дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтака, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷомеа ва давлат аз хатарҳои муосири экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои хусусияти трансмилли дошта мавриди баррасӣ қарор гирифт.DSC00019
Сокинони маҳалла аз вохӯрии мазкур қаноъатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки кормандони Академияи ВКД бо онҳо дар робитаи доимӣ қарор дошта, минбаъд низ ҳамкориро густариш хоҳанд дод.
Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...