Вохȳрии сардори Академия бо шунавандагони факултети №3
Рӯзи 6-уми майи соли 2022 сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо шунавандагони курси якуми факултети №3 Академияи ВКД вохӯрӣ баргузор намуд.
Сардори Академия иброз намуд, ки мақсади баргузории чунин вохӯрӣ аз он иборат мебошад, ки дар суҳбати рӯ ба рӯ бо шунавандагон аз рафти ҷараёни машғулиятҳои таълимӣ ва иштироки шунавандагон ба дарсҳо шиносоӣ пайдо намояд. Дар ин вохӯрӣ беш аз 130 нафар шунавандагон фаъолона иштирок намуданд.
Ҳангоми вохӯрӣ сардори Академия ба шунавандагон таъкид кард, ки аз ин фурсати муносиб самарнок истифода намуда, баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии худ кӯшиш намоянд.
Ёдовар гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам дар баромадҳои худ доир ба омода намудани кадрҳои соҳибихтисос ва дорои донишҳои баланди касбӣ таъкид менамоянд. Аз ҷумла Сарвари давлат дар суханрониҳояшон дар Паёми навбатӣ аз 21 декабри соли 2021 ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда шуда, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода шаванд, инчунин ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои қатъӣ андешида шавад. Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ кору фаъолият ва зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад.
Сардори Академия шунавандагонро вазифадор намуданд, ки ин гуфтаҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри азхудкунии донишҳои назариявӣ, аз ҷумла барои азхудкунии забонҳои хориҷӣ ва технологияи информатсионӣ саъю кушиш намоянд.
Инчунин дар идомаи вохӯрӣ сардори Академия дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба самъи ҳозирин расонида, баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо ҳайати омӯзгорон ва шунавандагонро вазифадор намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ талаботи имрӯзаи роҳбарияти Вазорат ҷиҳати азхудкунии донишҳои муосир, такмил додани малакаи касбӣ ва дар ин замина баланд бардоштани обрӯю нуфузи мақомот, огоҳӣ пайдо намудан аз таърихи ниёгон, дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, башардӯстӣ, ифтихори миллӣ, ҳисси масъулияти касбӣ, некбинию инсондӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани мутахассисони оянда, ба самъи ҳизирин расонида шуд.