Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон нерӯи ояндасоз

DSC 0009Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21-уми декабри соли 2021, вобаста ба касбомӯзиву забономӯзии насли ҷавони имрӯз изҳори андеша намуда, барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 супориш доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми навбатиашон инчунин таъкид намуданд, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда шавад, чунки пешрафту шукуфоӣ ва ояндаи ҷомеа аз ин насли бунёдгар вобастагии калон дорад.
Вале, мутаассифона дар давоми як-ду даҳсолаи охир бархӯрди тамаддунҳо ва ба истилоҳ «ҷаҳонишавӣ»-и тамаддунҳо ба ҷавонону наврасон дар интихоби тарзи ҳаёти солим он қадар душвориҳо ба вуҷуд овардаанд, ки назирашро гузашта ба ёд надорад. Асри интернет дар баробари манфиатҳои беҳисоб осебҳои беҳисоберо низ ба дарку фаҳми инсоният, алалхусус, ҷавонону наврасон ворид намудааст.
Ҷойи афсӯсу надомат аст, ки имрӯз худношиносӣ ба мушкили аввалиндараҷаи ҷавонони мо табдил гаштааст. Аз тарзи ҳаёти солим дур шудан ва ба ҳаракатҳои ифротиву моҷароҷӯ пайвастани бархе аз насли наврас ҳам аз ҳамин мушкилӣ сарчашма мегирад. Дар зиндагии ҳаррӯза мушоҳида мекунем, ки баъзе ҷавонони мо на танҳо худшинос нестанд, балки ҳатто ба саволи «худшиносӣ чист?» ҷавоб гуфта наметавонанд, ки сабаби ҳамаи инро ман дар он мебинам, ки насли наврас аз мутолиа намудани китобҳо дури ҷӯста ва ҳатто баъзан парҳез низ мекунанд.
Насли калонсол, аз лиҳози он ки се даҳсола пештар шуғли китобхонӣ дар байни мардум хеле маъмул буд, медонанд, ки маънии ифодаи «худшиносӣ» дар саҳифаҳои китобҳои афсонавӣ, бачагона, тарбиявӣ ва ишқиву ирфонӣ нуҳуфтааст.
Пас, маълум гашт, ки иллати «худшинос» нашудани як идда фарзандони мо аз мутолиа дур будани онҳост. Бале, имрӯз қисме аз ҷавонон он ҷаҳонбиниеро қабул медоранд, ки ба таври ноогоҳона аз ҷаҳони интернетӣ бардошт кардаанд. Дуруст аст, ки дар ҷаҳони интернет манбаъҳои ба илму дониш ҳидояткунанда кам нестанд, лекин манбаъҳои зарарноки он аз ҳадду ҳудуд берунанд.
Бояд аз роҳу усулҳое кор гирифт, ки аз боғчаву мактаб сар карда шавқу завқи кӯдакону наврасон нисбат ба китобхонӣ бедор шавад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як суханронии худ доир ба таълиму тарбияи насли наврас изҳори андеша намуда, таклифу пешниҳодҳои мушаххас мекунанд. Давлат ва Ҳукумати мо дар ин самт чораандешӣ карда, қонуну қарорҳо ва барномаву стратегияҳои зиёдеро, аз қабили Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Консепсияи миллии тарбия”, “Барномаи тарбияи насли наврас барои солҳои 2013-2017”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва ғайраҳоро қабул ва тасдиқ намудааст, ки идомаи мантиқии раванди созандагӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб мераванд.
Аввалан боғча ва баъд аз он мактаб дастгоҳҳое ҳастанд, ки инсон месозанд. Касе инкор намекунад, ки имрӯз ин дастгоҳҳои инсонсози мо ба “таъмиру азнавсозӣ” ниёз доранд. Санадҳои бисёре ҳастанд, ки омӯзгоронро ба масъулиятшиносӣ водор менамоянд. Роҳбари давлат дар ин бобат мефармояд, ки “Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Омӯзгорон вазифадоранд, ки наслҳои ояндаро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, заҳматдӯстиву ҳимматбаландӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд”.
Ин нишондоди саривақтӣ омӯзгоронро вазифадор мекунад, ки малакаву маҳорат ва дараҷаи касбияти худро такмил дода, ба тарбияи ахлоқии хонандагон ва истифодаи усулҳои инноватсионии таълим диққати хоса диҳанд. Маълум аст, ки сатҳи донишазхудкунии ҳар як хонанда ва муносибаташ ба таҳсил дар навбати аввал аз ахлоқу одоби ӯ вобастагӣ дорад. Мутаассифона, мушоҳида мегардад, ки сатҳи миёнаи одобу ахлоқ ва тафаккури хонандагон, муносибати онҳо ба донишандӯзӣ қаноатмандкунанда нест ва дар бисёр мавридҳо мебинем, ки ҳатто хонандагони синфҳои болоӣ барои муайян намудани ҷойи сазовори худ дар зиндагӣ дар назди худ мақсад гузошта наметавонанд.
Пӯшида нест, ки мактаб ва махсусан, омӯзгорон дар шакл гирифтани тафаккури шогирдон ва муайян намудани ояндаи онҳо нақши асосӣ дошта, ба насли наврас барои дар ҷомеа пайдо намудани ҷой ва мавқеи шоиста кумак мерасонанд.
Аз ҳамин лиҳоз, бояд дар муассисаҳои таълимӣ ба фаъолияти бонизоми омӯзгорон эътибори ҷиддӣ дода, барои дар ботини хонандагон ба вуҷуд овардани тафаккури созанда ва бо мақсади ҳамчун шахсият тарбия ёфтани онҳо зарур аст, ки дар ҷараёни дарсҳои тарбиявӣ усулҳои таҷрибаи пешқадам ба таври васеъ мавриди истифода қарор дода шаванд.
Устодони гиромиро зарур аст, ки бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам барои баланд бардоштани савияи донишҳои замонавии хонандагон усулҳои наву самаранокро бештар роҳандозӣ кунанд, зеро асри XXI асри иттилоот аст ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар сурати пурра азхуд накардани ин фанни муосир наметавонанд ҳамқадами замон бошанд.
Дар охир мехоҳам ба такрор бигӯям, ки маҳз мактабу муаллим метавонанд, тафаккури ҷавонони моро аз хатарҳои беҳисоб ва фитнаҳои бешумори ҷаҳони муосир эмин дошта, онҳоро ба сӯйи ҳадафҳои олии хайрхоҳона, инсодӯстона ва тараққипарварона раҳнамун созанд ва ҷомеаро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд.
Д.А.Абдуллозода

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...