Машғулияти дарсии роҳбари милитсияи вилояти Суғд ба курсантони Академия ВКД
6-уми май дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд аз ҷониби сардори Раёсати мазкур генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов ба курсантони Факултети 4-уми Академияи ВКД машғулияти дарсӣ гузаронида шуд.
Мавзӯи дарсӣ «Таҳдиди экстремизм ва терроризм ба амнияти ҷомеа» унвон дошта перомуни ин ва дигар хатарҳои ҷаҳони имрӯз аз қабили гардиши ғайриқонунии воситаи нашъадор, истисмор ва хариду фурӯши одамон, содиршавии киберҷиноятҳо, ҷиноятҳо дар самти амнияти иттилоотӣ, роҳу усулҳои ҷадиди ҷалб ва шомил намудани ба равияҳои тундрав ва пешгирӣ аз ин унсурҳои номатлуб ба шунавандагон маълумот дода шуд. Ҳамчунин дар раванди машғулият ва суҳбати озод дастовардҳои даврони Истиқлолият ва мавзӯъҳои ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон алоқаманд матраҳ гардида, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки даврони тиллоиро зоеъ нагузаронида дар пайи омӯзиш бошанд, то ин ки дар оянда ҳамчун мутахасис ба камол расида номбардори Ватан ва нафъашон ба ҷомеа расад.
Донистани таърихи миллат ва эҳтиром гузоштан ба он, интихоби тарзи ҳаёти солим, содиқ мондан ба касби интихоб намударо роҳбари аввали милитсияи вилояти Суғд ба курсантони Академияи ВКД таъкид намуда, иброз дошт, ки дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба тарбияи ҷавонон рӯз аз рӯз бештар гардида, барои роҳнамоӣ ва тавсеаи қобилияти ҷавонон заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ВКД низ ба самти тарбияи кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Мақомот дорои муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси соҳавӣ мебошад, ки сафи мақомотро бо мутахассисони баландихтисос таъмин менамоянд.
Дар идома байни курсантон ва сардори Раёсат муколамаи пурсишу посух ҷараён гирифт, ки донишҷӯён фаъолона андешаронӣ намуданд. Генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов изҳори қаноатманди кард, ки дар муасссисаи олии таълимии милитсия ҷавонони қобилиятнок тарбия ёфта истодаанд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия