Чорабинии идона бахшида ба ҷашни 30-солагии Шӯрои собиқадорони ВКД
Рӯзи 5-уми майи соли равон дар толори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии идона бахшида ба ҷашни 30-солагии Шӯрои собиқадорони ВКД баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки собиқадорони ВКД, устодон ва курсантону шунавандагон бахшида ба ин санаи хотирмон баргузор гардид.
Сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо сухани ифтитоҳӣ чорабинии мазкурро ҳусни оғоз бахшида, дар давоми суҳбат иброз намуд, ки эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнопазирии иштирокчиёни ҶБВ имрӯз барои мо, ки Истиқлолияти Ватани азизи хешро таҳким бахшидаем, созандагиву бунёдкорӣ ва ободиву оромии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, сабақ ва намунаи ибрат аст.
Ба шарофати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, ки таърихи пуршарафи миллату давлати хешро хубтар омӯхта, ифтихори миллии худро тақвият бахшем, нагузорем, ки фазои ором ва сулҳу суботи Ватани биҳиштосои моро абрҳои сиёҳ тира созанд. Ҷангу ҷидол инсониятро ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасонад, балки боиси харобиву бадбахтиҳо мегардонад. Барои насли имрӯзаи мо Иди Ғалаба на танҳо ба таври муқаддас пос доштани хотираи бобоён ва падаронамон, ки барои шараф ва номуси халқи диёрамон ҷони худро нисор намудаанд, балки санаест, ки ҳар яки моро водор месозад, ки муборизони ҳақиқии сулҳи пойдор байни халқҳои ҷаҳон бошем ва ба ҳаракати қувваҳои ҳангоматалабу ҷангхоҳ дар ҳар шакле, ки зоҳир нашавад, сари вақт хотима гузорем, зеро ҷанг дар таърихи инсоният ҳодисаи даҳшатнок ва нанговар ба шумор меравад. Ин аст, ки ҳар халқи соҳибтамаддун ва бофарҳанг бояд аз ҷангу ҷидол бипарҳезад ва бо маслиҳату андеша барои сулҳу салоҳ мубориза барад.
Инчунин иштирокчиёни дигари чорабинӣ, аз ҷумла Раиси Шȳрои собиқадорони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм, Профессори кафедраи ташкили идоракунии РҲХ факултети №1, ҷанговари интернатиолист, полковники милитсия, д.и.ҳ., Назарзода Носир Ҷобир, Мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, н.и.т., дотсент Ҷонибеки Асрориён ва Қаҳрамони федератсияи Россия Козлов Олег Анатолевич бо маърузаҳо баромуд намуда, иштирокчиёнро бахшида ба Иди ғалаба ва ҷашни 30-солагии Шурои собиқадорони ВКД табрик намуданд.
Сипас қироати фармонҳои Вазорати корҳои дохилӣ оид ба додани мукофотҳои пулӣ ба собиқадорон ва дигар намуди ҳавасмандгардониҳо ба фаъолони Академия сурат гирифт. Ҳамчунин аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., ба 60 нафар собиқадорон хӯроки идона омода гардид.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ аз ҷониби дастаи ҳаваскорони Академия барномаи бошукӯҳи консертӣ пешкаш гардид, ки муҳтавои он аз суруду таронаҳои ватандӯстона иборат буд.
Убайдуллоев Ш.Э., Сафарзода С.Н.