ДУЮМИН КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ №4
Санаҳои 28 ва 29 апрели соли 2022 соати 15.00 дар маҷлисгоҳи факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дуюмин конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «ИЛМИ ТОҶИК - ИМРУЗ ВА ФАРДОИ ОН» баргузор гардид. Тибқи барномаи коференсия бо сухани ифтитоҳӣ сардори факултети № 4, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш. баромад намуда ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшид.
Дар ҷаласаи умумии конференсияи мазкур Муҳаммадиев И.С., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дар мавзуи «Масъулияти роҳбарон барои саривақт напардохтани музди меҳнат ва дигар пардохтҳои ба он баробаршуда », подполковники милитсия Тоҳирӣ М.С., номзади илмҳои филологӣ, дар мавзуи « Инъикоси масъалаи ришвахӯрӣ дар «Маснавии маънавии» -и Ҷалолиддини Румӣ», Обидов Дилшод Солиҷонович, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ, дар мавзуи « Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарчашмаи асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд », полковники милитсия Ҳоҷибобо З.М., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дар мавзуи «Мавқеъи авф дар замони муосир», полковники милитсия Юсуфзода А.Ю., номзади илмҳои таърих, дар мавзуи «Мафҳум, мақсад ва принсиҳои асосии механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон» баромад намуданд.
Сипас, мувофиқи барнома устодони факултет ба ду бахш тақсим шуданд, ки идомаи кори конференсияи мазкурро сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ, д.и.ҳ., Муҳаммадиев И.С. ва сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.ф., подполковники милитсия Тоҳирӣ М.Т.; ба уҳда доштанд. Устодони факултет дар гурӯҳҳо бо маърӯзаҳои илмӣ-назариявию тадқиқоти худ дар мавзӯъҳои гуногуни ҷамъиятию ҳуқуқшиносӣ баромад намуданд.
Дар бахши аввал, таҳти роҳбарии сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.ф., подполковники милитсия Тоҳирӣ М.Т.;. 13 нафар устодони факултет, инчунин омӯзгорон ва магистрантони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар муддати ду рӯз, дар мавзӯъҳо оид ба масъалаҳои таносуби адолат бо раванди ҷомеа, масъалаҳои озодӣ дар осори муттафакирони гузаштаи тоҷик, масъалаҳои ахлоқӣ ва маданӣ, проблемаҳои ҳуқуқӣ конститутсионӣ, таърих, моҳияти истиқлолияти давлатӣ, аҳамияти забономӯзӣ маърӯзаҳо шунида шуда, баҳсу мунозираҳои зиёди илмӣ ташкил карда шуданд.
Дар бахши дуюм бо роҳбарии сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ, д.и.ҳ., Муҳаммадиев И.С.;-14-нафар маърӯзачиён аз ҳайати устодону кормандони факултет дар мавзӯъҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ, мафҳуми ҷиноятҳои муташаккил ва террористӣ, таҳлили намудҳои алоҳидаи ҷиноят ва ғайраҳо баромадҳо ташкил карда шуданд.
Ҳар як баромади маърӯзачӣ бо саволу ҷавобҳои пурмӯҳтаво вобаста ба мавзӯи маърӯза пайравӣ карда мешуданд, ки баҳсу мунозираҳои ҷолиби илмиро мегузоштанд. Раванди конференсия нишон дод, ки ҳайати омӯзгорони факултет метавонанд дар соҳаи илм саҳми хешро гузоранд.
Дар конференсия як қатор устодони ҷавон аввалин маротиба баромадҳо карданд, ки муҳтавои маърӯзаҳои онҳо хеле диққатҷалбкунанда буд. Дар охир қатъномаи конференсия қабул гардида, аз тарафи муовини сардори факултет оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б. баргузорӣ ва рафти конференсия таҳлил карда шуда, ба кори конференсия ҳусни хотима бахшид.
Аз натиҷаи конференсияи илмӣ - амалии мазкур маҷмӯаи мақолаҳои устодон ва кормандони факултет нашр карда мешавад.
Муҳаммадиев Н.Б. - муовини сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тҷикистон оид ба қисми таълим, полковники милитсия