Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШИНОСОӢ ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БО ОСОРХОНАИ ВИЛОЯТИ СУҒД

53545Огоҳӣ аз таъриху фарҳанги хеш на танҳо ифтихори миллиро ба замона созгор месозад, балки ба таҳкими робитаи тамаддунҳо ва халқҳои гуногун, густариши таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

Эмомалӣ Раҳмон.

Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги баланди ватандорӣ, худогоҳу худшинос ва дорои ифтихори баланди миллӣ, аз суннату ойинҳои неки миллӣ ва давраҳои сарнавиштсози гузаштаи худ, шунавандагони курси такмили ихтисос, нозирони бозрасии автомобилии шаҳру ноҳияиҳои вилояти Суғд дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ барои шиносоӣ бо Осорхонаи вилоятӣ ташкил карда шуд.
Ҳайати шунавандагони курси такмили ихтисос бо муаллимони мутасаддӣ ба Осорхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Аз тарафи намояндагони осорхона истиқбол намуда, аз таърихи моҳи 23 августи соли 2006, Роҳбари фарҳангпарвари Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ, дар ҳузури аҳли зиёи мамлакат ва анбӯҳи сокинону меҳмонони Хуҷандшаҳр лентаи рамзии бинои замонавии осорхонаро бурида, барои фаъолияти он дар марҳалаи нави таърихӣ ҳусни ифтитоҳ намуда буданд, маълумот дод.
Зимни шиносоӣ шунавандагон аз толори якум «Ҳаёти одамони асри санг», мушовири ин толор профессор С.Ш. Марофиев ва Ёдгоров Комилҷон рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омезиши ду санъат: рассоми ва ҳайкалтарошӣ ороиш дода буданд, маълумоти ғанӣ гирифтанд.
Ҳамзамон, аз толори лашкаркашиҳои Искандари мақдунӣ, толори тамаддуни ориёӣ, корнамоиҳои Темурмалик бар зидди истилогарони муғул ва толори дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Чунин тарзи шиносоӣ бо Осорхонаи вилоятӣ ба шунавандагони курси такмили ихтисос, дар самти нозирони бозарасии автомобилӣ имконият фароҳам овард, ки дар онҳо руҳияи ифтихори миллӣ, садоқатмандӣ, ҳисси эҳтиром бо категорияҳои гуногуни аҳолӣ, гиромидошти волоияти қонун ва эҳтироми фарҳанги ниёгон бештар ташаккул ёбад.

Баҳодурзода М. - муаллими калони кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, капитани милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...