Семинари илмӣ-амалӣ вобаста ба амалисозии «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030»
Тибқи тибқи банди 15 Нақша чорабиниҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазири корҳои дохили санаи 06.07.2021 вобаста ба амалисозии «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030» тасдиқ шудааст, дар моҳи апрели соли 2022 гузаронидани семинар-машварат дар мавзӯи «Омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар масъалаи ҳифз ва истифодаи моликияти зеҳнӣ» ба нақша гирифта шуда буд.
Семинари илмӣ-амалии мазкур санаи 03 майи соли 2022 аз ҷониби кафедраи фанҳои ҳуқуқи гражданӣ дар толори Шӯрои олимон гузаронида шуд.
Дар семинари илмӣ-амали инчунин роҳбарияти Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент Саидзода Зикрулло Алӣ сардорони кафедраҳо, ҳайати профессрон ва муаллимон ва курсантон иштирок намуданд. Дар семинар масъалаҳои вобаста ба моликияти зеҳнӣ, тартиби ҳифзи ҳуқуқҳои муаллифон, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои вайрон намудани моликяти зеҳнӣ, ҷавобгарии маъмурӣ барой вайрон намудани ҳуқуқи муаллиф, санадҳои байналмиллалӣ ҳамчун воситаи ҳимояи моликиятизеҳнӣ ва дигар мушкилоти ҷойдошта дар ин самт мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар умум семинар ба мақсади худ ноил шуд ва аз ҷониби роҳбарият ва дигар иштирокчиён пешниҳодҳо ҷиҳати мукаммалгардонии ин соҳа манзур гардид.