Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЯКУМИН КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ИЛМ ВА АМАЛИЯИ ҲУҚУҚШИНОСӢ" БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД

image-30-04-22-07-39-3

Имрӯз дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик конфронси байналмилалӣ доир гашт, ки дар рафти кори он ҳуқуқшиносони шоистаи ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсияро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия
Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд кард:
Муҳтарам иштирокчиёни конференсия, ҳозирини гиромӣ!
Ташрифи ҳар яки Шуморо ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар кори якумин конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Илм ва амалияи ҳуқуқшиносӣ», ки ба Рӯзи илми тоҷик бахшида шудааст, хайрамақдам менамоем!
Бояд иброз намуд, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам ва роҳи минбаъдаи рушди кишвар муайян ва таъмин гардидааст.
Чихеле, ки борҳо иброз намудаанд ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Маҳз бо қабули Конститутсияи соли 1994, Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягонаро пеш гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст.
Ҷиҳати амалигардонидани ин ҳадафҳо олимон, муҳаққиқон ва равшанфикрони кишварро зарур аст, ки пайваста бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул гардида, навовар ва ташаббускор бошанд.
image-30-04-22-07-39Ҳозирини арҷманд! Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ҳамасола ба муносибати Рӯзи илми тоҷик бо иштироки васеи олимони шинохтаи дохил ва хориҷи кишвар конференсияи илмӣ-амалии байналмилалиро дар мавзӯи «Илм ва амалияи ҳуқуқшиносӣ» ташкил ва баргузор намояд.
Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани конференсияи мазкур, ин пеш аз ҳама муайян намудани проблемаҳои муҳими илм ва амалияи ҳуқуқшиносӣ ва коркарди ҳалли онҳо ба ҳисоб меравад. Чи хеле, ки Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии худ бо олимони кишвар санаи 18-уми марти соли 2020 таъкид намуданд «Асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад.
Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад».
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ илми ҳуқуқшиносӣ рушд намуда, олимон-ҳуқуқшиносони маъруфи кишвар, ки имрӯз дар ин чорабинӣ низ иштирок доранд, саҳми худро дар таҳкими давлатдорӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд.
Зеро, маҳз дар ин давра низоми ҳуқуқии миллӣ ташаккул ва рушд ёфт, ки дар партави он зиёда аз 400 қонуни мукаммал, 17 қонуни конститутсионӣ, 27 кодекс ва зиёда аз 22 000 санадҳои зерқонунӣ омода ва қабул гардиданд.
Гузашта аз ин, дар ин давра илми ҳуқуқшиносӣ зина ба зина рушд намуда, дар заминаи он соҳаҳои ҳуқуқ вобаста ба арзишҳои миллӣ ва байналмилалӣ ташаккул ёфта, қонунгузории конститутсионӣ, гражданӣ, соҳибкорӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва ғайра густариш пайдо намуданд. Гуногуншаклии моликият, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, озодии виҷдон, эътиқод, гуногунандешии сиёсӣ, таҷзияи ҳокимият ҳамчун падидаҳои нав дар низоми ҳуқуқии кишвар эътироф гардид.
Новобаста аз пешравиҳои замони Истиқлоли давлатӣ, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва мушкил гардидани вазъи ноустувори ҷомеа ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятӣ аз қабили таъмини амнияти шахс ва ҷомеа муҳим боқӣ мемонад.
Вазъи ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки бо илм ва донишу маҳорати баланди касбӣ сабабу омилҳои пайдоиши нооромӣ ва паёмадҳои ногувори онро муайян намуда, ҷиҳати пешгирии сулҳу субот ва амнияти ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳем. Имрӯзҳо кишварҳои бузурги олам дар ҳолати вазнинтарини ҷанги сард қарор гирифта, илм, иттилоот, иқтисодиёт, техникаву технология ва ҳатто динро ба василаи тарғибу ташвиқи манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ табдил додаанд.
Ҳозирини гиромӣ! Боварии комил дорем, ки дар доираи конференсияи мазкур масъалаҳои муҳими илм ва амалияи ҳуқуқшиносӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Бояд зикр намуд, ки дар кори конференсияи мазкур 80 мақола ва маърӯзаҳо аз дохил ва хориҷи кишвар ворид гардида, дар кори он академикон, узви вобаста, докторон, профессорон, номзадон, дотсентон иштирок доранд. Баъд аз анҷоми чорабинӣ маҷмӯаи кори конференсия нашр карда мешавад.
Дар қисмати ниҳоии кори конференсия фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмхои ҳуқуқшиносӣ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оиди мукофотонидан қироат карда шуд.
Ба хотири гузоштани саҳми арзанда дар рушду тавсия ва такомули илми ҳуқуқшиносии тоҷик теъдоди 9 нафар олимони хизматнишондодаи ҷумҳурӣ, арбобони илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон "Барои ҳамкорӣ" сарфароз гардонида шуданд.
Конференсия дар маҷмӯъ хеле ҷолибу хотирмон гузашт!

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...