Мутолиа ва шиносоӣ бо осори илмию таърихӣ дар Китобхонаи миллӣ
Дар факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми апрели соли 2022 тибқи реҷаи тасдиқгардидаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми июли соли 2021 бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ курси такмили ихтисос бо сарнозирон ва нозирони РБДА ва ШБДА дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда истодааст.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарғиби мутолиаи китоб, бо супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., кормандони РБДА ва ШБДА дар шаҳру ноҳияҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутолиа ва шиносоӣ бо осори илмию таъриҳи ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 22-юми апрели соли 2022 сафарбар карда шуданд, ки воситаи муҳими тарбия дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихор аз ватану ватанпарварӣ ва шинохтани шахсияти бузургон ва таърихи фарҳанги халқи тоҷик ба шумор меравад.
Убайдуллоев Ш.Э.