Дар Академияи ВКД даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
22-юми апрели соли 2022 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикичтон, бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040), бо ибтикори сардори Академия, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, дар якҷоягӣ бо роҳбарияти кафедраи фанҳои муҳандисию техникии факултети №3, полковники милитсия Муминиён Алишер ва сардори факултети №5, майори милитсия Нуруллозода Меҳрулло дар байни курсантони факултетҳои №2, №5 ва №6 даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Дар озмун курсантон аз рӯи 4 наминатсия: математика, физика, химия, технологияи иттилоотӣ байни ҳам сабқат намуданд.
Мақсад аз баргузории озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва инчунин дарёфти истеъдодҳои нав мебошад.
Ҳангоми ҷамъбасти озмун, ғолибон ба даври дуюм (даври ноҳиявӣ)-и Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» роҳхат мегиранд.
Ҳабибзода Ҳокимҷон лейтенанти калони милитсия