Баргузории озмуни беҳтарин донандагони шоҳасари "Тоҷикон"-и академик Б.Ғафуров
21 апрели соли 2022 дар байни ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД озмуни беҳтарин донандагони шоҳасари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.
Бо мақсади дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи талаботи Низомномаи озмун баргузор гардидани озмун, Фармони алоҳидаи Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Комиссияи ба тасвиб расида, роҳбарияти факултетҳо, шуъбаҳо, кафедраҳои дахлдор ва омӯзгорони ботаҷриба масъул гардиданд.
Озмун дар ду марҳила, яке тарақи тестӣ ва дигаре шифоҳӣ баргузор гардида, сипас ғолибон муайян карда шуданд.
Ҳамин тариқ маълум карда шуд, ки дар миёни омӯзгорон ду нафар барои гирифтани ҷои аввал сазовор гардиданд, ки яке майори милитсия Ғафурзода Далер ва дигаре лейтенанти милитсия Ҳалимзода Далер мебошанд.
Дар миёни курсантони факултетҳои Академия низ чунин озмун баргузор гардид, ки дар натиҷа ду нафари онҳо, аз ҷумла сержанти хурди милитсия Қодирова Сабрина ва сержанти хурди милитсия Мирмаҳмадов Табрез сазовори ҷои намоён гардиданд.
Комиссия ба хулосае омад, ки аз ҳисоби ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи Академия, ки дар озмун ширкат варзида сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, чор нафари онҳо барои иштирок дар озмуни сатҳи вазорат тавсия дода шаванд:
-муаллми калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилии факултети №2, майори милитсия Ғафурзода Далер;
- муаллими кафедаи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 лейтенанти милитсия Ҳалимзода Далер;
- сержанти хурди милитсия Қодирова Сабрина - курсанти курси 4-уми факултети №2;
- сержанти хурди милитсия Мирмаҳмадов Табрез - курсанти курси 4-уми факултети №6,
Омӯзгорон ва курсантоне, ки дар озмун иштироки фаъол намуда, сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд, барои қадршиносӣ ба роҳбарияти Академия пешниҳод карда шуданд.
Албата, баргузории чунин озмунҳо, алалхусус дар самти омӯзиши шоҳасари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров метавонанд барои ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба касбу савганд дар миёни ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат намояд.
Муҳаммад С. А.